Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд. Ғолибон соҳиби ҷоизаҳо шуданд
1-уми октябри солаи равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” доир гардид.
Дар ифтитоҳи ин чорабинии фарҳангӣ директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ карда, аз арзишҳои таърихию фарҳангии асарҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои миллии баргузории озмун ҳамчун ташаббускори ин иқдом ҳарф зад.
Китобхона на танҳо маркази нигоҳдории китоб, балки муассисаи илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангие мебошад, ки пайваста дар пойдор мондани мероси ниёгон саҳм мегузорад.
“Баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” на танҳо як озмун, балки иқдомест баҳри баланд бардоштани савияи дониши таърихӣ, илмӣ ва сиёсии ҷавонон дар шинохти аслу насабу забону давлат ва гузаштагони худ аст” – Ҷумахон Файзализода.
Профессор Файзализода ҳамчунин ба тамоми муассисаҳои дахлдор, ки дар баргузории Озмун саҳми босазои худро гузоштаанд,миннатдории самимона изҳор дошт.
Саъдулло Қувватзода – намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи ин маросими бошукуҳ баромад намуда, тамоми иштирокдорон ва ғолибонро шодбош гуфт. Қувватзода баргузории Озмунро, ки соли дуюм аст бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ мегузарад, таҳсин гуфта, иброз намуд, ки асарҳои Пешвои миллат бояд дар маркази таваҷҷуҳ бошанд, чун онҳо ҷиҳати маърифатнок кардани насли ҷавони кишвар ва боло бардоштани донишҳои сиёсию фарҳангии онҳо саҳм мегузорад.
Минбаъд, дар солҳои ояндаи бояд Вазорату Муассисаҳои дахлдор ҷиҳати иштироки донишҷӯёнашон бо Китобхонаи миллӣ ҳамкориро пурқувват карда, истеъдодҳои нав ва сермутолааробештар ба озмун ҷалб созанд. Дар илова, умед дорем Китобхонаи миллӣ ҳамчун Муассисаи бонуфуз дар ҳавасманднамоии иштирокчиёни озмун ва зиёд кардани ҷоизаву маблағҳои он кӯшиши бештар хоҳанд кард”- гуфт Сайдулло Қувватзода.
Сипас, бахши фарҳангии нишаст оғоз гардида, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ бо Диплом, Ҷом ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Мувофиқи арзёбии ҳайати доварон ғолибони Озмун миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
Меҳрона Худойбердиева –Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
ҷойи якум (Диплом,ҷом ва ҷоиза дар ҳаҷми 20000 сомонӣ)
Шукронаи Зафар – Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат
ҷойи дуюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 15000 сомонӣ)
Фотима Давлатзода –Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров
ҷойи дуюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 15000 сомонӣ)
Адиба Бегова -Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Ҷойи сеюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ)
Карашмаи Нангинолой Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Ҷойи сеюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ)
Ҳамчунин 10 нафар ҷойҳои ифтихорӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. Инҳо:
1.Мустафоева Суҳайло – Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён
2.Сатторова Меҳрангез – Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ
3.Абдуқодирова Зарнигор – Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон
4.Абдухалилов Абдулҳамид – Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
5.Зоидова Малика – Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлати Данғара
6.Урунов Зоҳидҷон-Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе
7.Холисамоҳи Ҷумахон – Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
8.Давронзода Фархунда – Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова
9.Эшонакова Таҳмина – Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ
10.Қурбонзода Шабнам – Коллеҷи тиббии н.Ёвон
Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ довталабони зерин соҳиби ҷойҳои якум,дуюм,сеюм ва ифтихорӣ гардиданд
Шаҳбоз Неъматзода – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ. Ҷойи якум (Диплом,ҷом ва ҷоиза дар ҳаҷми 20000 сомонӣ)
Парвиз Аҳмадов–Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷойи дуюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 15000 сомонӣ)
Маликахон Олимова ҷойи сеюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ)
Ҳалима Сафарова– Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷойи сеюм (Диплом ва ҷоиза дар ҳаҷми 7500 сомонӣ)
Ҷойҳои ифтихорӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
1.Умриниссо Бердишукуровна – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино.
2.Мавлавӣ Қаюмов – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.
3.Манижа Пӯлодова – Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон.
4.Абдуматин Маҳмадҷонов – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
5.Марҷона Собирова – Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиони дар шаҳри Кӯлоб.
6.Шаҳдӣ Хаёлов – Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.
7.Шайло Нодирхонова – Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев.
8.Шоира Давлатзода – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
9.Нилуфар Юсуфова-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
10.Мирзобег Азиззода– Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Бояд зикр намуд, ки иштирокдорони озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ду гурӯҳи алоҳида миёни ҳам сабқат ороста донишу маҳорати онҳо аз ҷониби доварон мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” соли дуюм аст бо ташаббус ва сарпарастии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешавад.
Даври аввали он моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳру ноҳияҳо ва даври ҷамъбастии он ҳафтаи охири моҳи сентябр дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.