Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” – озмуни арҷгузорӣ ва хештаншиносӣ
Соли дуюми баргузории озмун нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба асарҳои Пешвои миллат, ки ҳадафи он омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кам нест. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имсол бо тайёрии хубтар омодагии ҷиддӣ ва ҳадафмандона ба озмун омадаанд. “Вақте асарҳои Пешвои миллатро мутолиа мекунем, дарк месозем ки ин ҳама ободию озодӣ ва сулҳу суботе, ки мо дар фазои он ба сар мебарем осон ба даст наомадааст”- мегӯяд довталаби озмун Холисамоҳи Ҷумахон, ки соли дуюм аст дар озмун ишӣтирок мекунад.
Ин довталаб зиёда аз 10 асари Пешвои миллатро мутолиа кардааст. Ба фарқ аз дигарон Холисамоҳ чандин китобҳоеро ном бурд, ки дигар довтабалон онҳоро мутолиа накардааанд. Холисамоҳ донишҷӯи соли чоруми Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе аст. “Чеҳраҳои мондагор”, ”Забони миллат – ҳастии миллат”, “Уфуқҳои Истиқлол” “Масъулият дар назди замон” “Мақоми худшиносӣ” ва асарҳои дигаре, ки ин довталаб мутолиа кардааст, мегӯяд ба ӯ таъсири калон гузоштаанд. Холисамоҳи Ҷумахон мегӯяд, озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”” озмуни арҷгузорӣ ва хештаншиност.
Ҳамсуҳбати мо азм дорад, дар озмун соҳиби ҷойи намоён гардад, чун соли гузашта дар даври ҷамъбасти соҳиби мақоми ифтихорӣ шуд, барои имсол бо тайёрии ҷиддӣ омадааст. Ӯ мегӯяд аз устодам Дилшод Ниёзов хеле миннат дор ҳастам. Чунки асарҳои Пешвои миллатро сарсарӣ мутолиа кардан ягон натиҷа намедиҳад. Маҳз бо роҳнамоии устодам ман аз рӯйи руйхати муайян ба хондани китобҳо шурӯъ кардам ва умед дорам, имсол дар сафи ғолибон ҷой хоҳам гирифт.
Дар ҳамин гурӯҳи довталабон, яъне гурӯҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо довталаби дигар Муҳтарама Ҳаитзода ҳамсуҳбат шудем. Муҳтарама соли аввал аст дар озмун иштирок ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро намояндагӣ мекунад. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки ба суолномаи озмун дастрасӣ надоштам, аммо аз рӯи Низомнома китобҳоро мутолиа кардаам. Муҳтарама аз иштирокаш дар чунин озмуни сатҳи баланд бисёр бо хурсандӣ суҳбат карда гуфт, ки чунин озмунҳо ба мо нишон медиҳанд ва меомӯзонанд ки китоб хондан ба инсон на танҳо маънавиёт, балки мавқеъ ва обруву эътибор низ дода метавонад.
Дар гурӯҳи муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ давоми рӯз 22 нафар иштирокчӣ аз ҷониби ҳакамон пурсида шуданд. Миёни онҳо довталабоне, ки воқеан бо тайёрии ҷиддӣ ва азми ғолибият ба озмун омадаанд, кам набуд. Назару андешаҳои довталабон ва бардошти онҳо аз мутолиаи асарҳои Пешвои миллатро дар давоми рӯзҳои баргузории Озмун бо шумо дар миён мегузорем.
Бояд зикр намуд, ки дар даври ниҳоии озмун зиёда аз 250 нафар довталаб аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ рақобат мекунанд.
Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони Озмун ба таври зерин муқаррар карда мешаванд:
- барои ҷойҳои якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);
- барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);
- барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурўҳ) – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон).