Озмуни “Фурӯғ…” марзҳоро убур мекунад…

Соли ҳафтуми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо имконоти бештар, ҳавасмандсозӣ, талош ва рақобати зеҳнӣ довталабони берун аз марзро то даври ниҳоӣ овард. Иштирокдорон дар тамоми гурӯҳҳо миёни ҳам сабқат меороянд ва ғолиб ҳамонест, ки бештар  мутолааву ҳифз намудааст. Дар миёни довталабони ҳузури дар номинатсияи адабиёти классик ва адбиёти ҷаҳон 1 нафарӣ довталаб ба таври онлайн дар Озмун ширкат варзиданд.

Барои ҳакамон ва ҳам довталабони ин Озмун таҷрибаи аввалин буд, то донишу маҳоратро тариқи онлайн муайян намоянд. Дар миёни донишҷӯён аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Меҳринисо Исматуллозода, ки айни ҳол дар шаҳри Мюнхени Олмон қарор дорад, ширкат кард. Ӯ соли 6-ум аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок намуда, то даври ниҳоӣ мерасад. Соли ҷорӣ низ дар даври шаҳрии озмун иштирок карда, сазовори мақоми 3-юм гардида, баъдан ба Олмон меравад. Меҳринисо Исматуллозода донишҷӯи курси 2-и факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

– Хело шодам, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони бурунмарзӣ низ метавонанд дар ин Озмун ширкат варзида, донишу малакаи худро бисанҷанд. Ман низ тавонистам бори дигар иштирокчии даври ниҳоӣ шавам. Шавқу рағбати зиёд нисбат бо осори адибони классик ва муҳаббати беандозаам ба китоб маро водор намуд, ки дар ин озмуни бошукӯҳ иштирок намоям. Аз рӯйи талаботи Низомнома осори зиёди насриро мутолаа намуда, аз осори назмии адибони классик 105 ғазал, 120 рубоӣ ва дубайтӣ, 150 байт қасида, 230 байт достон, 140 байт дигар навъҳои шеърӣ азёд кардам”,- мегӯяд, ин довталаб.

Азиза Ҳамидова довталаби дигар аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон низ дар даври ҷамъбастии Озмун тариқи онлайн баромад кард.

Азиза Ҳамидова хонандаи синфи 11-и мактаби сафорати Русия дар шаҳри Берлин аст. Ӯ тули 1 сол аст, ки бо аҳли оилааш дар шаҳри Берлин зиндагӣ мекунад.

– Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтам, ки соли равон тоҷикони бурунмарзӣ низ метавонанд дар ин озмуни бонуфуз иштирок кунанд ва ин беҳтарин иқдом аст. Банда, ки аз хурдсолӣ ба хондани китобҳои бадеӣ майлу рағбати зиёд доштам, аз фурсат истифода бурда, иштирок намудам. Бо Низомномаи озмуни мазкур низ ошно ҳастам. Тибқи талаботи ин Низомнома 60 асари бадеӣ аз осори адибони ҷаҳон (Русия, Амрико, Британия Кабир, Шветсия, Фаронса) – ро мутолаа намудам.

Ба он ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ доранд, гуфтан мехоҳам, донишу таҷрибае, ки дар он ҷо гирифтаанд, дар пешрафт ва гулгулшукуфии Ватани азизамон истифода баранд. Бештар китоб хонда, илм омӯзанд”,- мегӯяд Азиза Ҳомидова.

Бояд гуфт, то анҷоми даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Имсол дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» 435 довталаб аз тамоми қаламрави кишвар иштирок намуда, ба ҳама иштирокчиёни ин давр баъд аз баромадашон сертификат ва туҳфаҳо тақдим мегардад.

Наргис НАЗАРЗОДА