Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ду нафар аз як оила бо роҳхат ба даври ниҳоӣ

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Ба даври ниҳоии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб астбародарон Фирдавс Ҳакимов хонандаи синфи 11 ва Эраҷ Ҳакимов хонандаи синфи 5 – и мактаби рақами 70 аз ноҳияи Кушониён роҳхат гирифтаанд.  Фирдавс Ҳакимов соли гузашта то даври ноҳиявӣ омад ва сазовори ҷой нагашт. Аммо руҳияаш нашикаст ва ба талошҳояшро бештар кард.

Чуноне худаш мегӯяд, имсол талошҳояш бор овард ва то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Фирдавс, ки имсол бо тайёрии ҷиддӣ омадааст, зиёда аз 20 роман, 20 повест, 105 ғазал, 120 рубоӣ ва дубайтиҳо, 160 байт аз достонҳои адибони тоҷик, 50 новеллаву ҳикоя ва 20 афсона медонад.

Бародарон дар хона якҷо китоб мехонданд, чун ҳарду дар як номино ширкат доранд. Онҳо ҳамроҳи модар ва муаллимаашон ба озмун омаданд.

Ба гуфтаи Фирдавс пайдо кардани китобҳои насрии адибони муосир мушкил аст ва китобхонаҳои ноҳия аз нарасидани адабиёти муосир танқисӣ мекашад. Дар дастрас кардани китобҳои набуда падарашон, ки дар донишгоҳи Носири Хисрав декани факулта аст, кумак расонд.

Фирдавс-ҲакимовАз Фирдавс пурсидам аз китобҳое, ки мутолиа кардӣ, кадомашро ба ҳамсолонат тавсия медиҳӣ? Посух дод, ки китобҳои устодон Садриддин Айнӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Ҷалол Икромиро. Инҳо нависандагони машҳури тоҷик ҳастанд ва адабиёти тоҷикро бидуни ин номҳо тасаввур намекунам. Ин се нависанда ба ман писанд аст.

Мусоҳибам аз устодаш Шаҳло Муродова, ки дастгири ҳамешагиаш буду бо маслиҳату машваратҳо раҳнамоӣ мекард ва ҳамчунин хондаҳояшро мепурсиду донишашро пурра мекард, сипосгузор аст. Ба падару модарам низ ташаккур, ки дар хона маро ташвиқ намуданд, дар идомаи сӯҳбаташ афзуд ин довталаб.

Фирдавс тарҷумони забони англисӣ шуданист, зеро “асри 21 дар баробари асри технология асри забономӯзӣ низ ҳаст”.

Ин довталаб аз ноҳияи Кушониён ҳамсолонашро даъват намуд, ки дар чунин озмунҳо ширкат варзида, саҳмгузори пешрафти ҷомеа бошанд.

Додари-Фирдавс-ХакимовҲамзамон бо бародари Фирдавс Эраҷ Ҳакимов, хонандаи синфи 5, муассисаи миёнаи рақами 70- и ноҳияи Кушониён гуфтумон доштам. Ӯ низ мисли бародараш дар номинои хондан ва аз ёд кардани адабиёти муосир иштирок ва ба ҷои дуюм қадрдонӣ шуд. Ӯ аз хурдӣ ғазал аз ёд мекард, вале аз миёни киобҳои насрии мутолианамудааш “Тобистон”-и Пӯлод Толисро писандида аст.

– Падарам китобҳоро фароҳам меовард, модарам ғазалҳоро мепурсид. Бо ман бештар падарам кор мекард. Аз муаллима ва ҳам модараш, ки кӯмакаш карданд, миннатдор аст. Эраҷ духтур шуданист, духтури дорушинос. Ин касбро орзуи кӯдакиаш номид.

Ӯ гуфт ҳеҷ ҳаяҷон надорам, чун дар озмун таҷрибаи кофӣ ба даст овардааст, ки дар оянда низ кӯмакаш хоҳад кард. Эраҷ ба ҳама суолҳои доварон ҷавоб дод. Мушкиле набуд, чун суолҳоо дар атрофи китобҳои мутолианамудааш буданд.

Пӯлод Толис ва Ҷалол Икромӣ нависандагони мақбулаш ҳастанд.

Ёдрас мешавем, ки дар озмун тибқи рӯйхати пешниҳодшуда имсол 442 нафар довталаб ширкат менамоянд ва аз 5-7- уми декабр аз синфи 5 то 11 17 ва аз 8 то 10- уми декабр 30 нафар ширкат меварзанд.

Раҳима БОБОЕВА.