Озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”. Зебуннисо
Яке аз суханварони забардасти ин давра шоири ширинкалом Зебуннисо мебошад, ки «….забонаш ширин, ба омма фаҳмо ва шеърҳояш равонанд. Дар тамоми ғазалҳояш вай тавонистааст санъати беҳтарини ғазалсароиро нишон дода, ташбеҳу истиораҳои нав ба нави ба табъи худаш хосро ба кор барад».
Ашъори Зебуннисо дар ғояти устодӣ ва равонию суханварӣ суруда шудааст, ки ғазали зерин тасдиқи ин гуфтаҳост.
Бе гули рўйи ту як дам зинда будан мушкил аст,
Пешат, эй шўхи ситамгар, лаб кушудан мушкил аст.
Саҳл бошад ашкрезӣ ҳамчу абри навбаҳор,
Ханда бар лаб, дидаи хунбор будан мушкил аст.
Нест мумкин ҳамнишини дилбарони пуритоб.
Пеши теғи ҳаҷри ў ҷавлон намудан мушкил аст.
Бе висоли дўст душвор аст бар ман зиндагӣ,
Ништари алмосро бо дида судан мушкил аст.
Дар тариқи ишқ рў кардан ба водӣ кор нест,
Рў ба рўйи ғамзаи дилдор будан мушки ласт.
Як назар дида туро Махфӣ бишуд девонае,
Пеши чашми масти ту ҳушёр будан мушкил аст.
Зебуннисо духтари шоҳи Ҳиндустон–Аврангзеб (1658-1707) буда, аз суханварони ширинкалом ва хушадои тоҷик аст, ки соли 1639 дар Деҳлӣ таваллуд шудааст.
Вай аз хурдӣ дар назди зани фозиле бо номи Ҳофиза Марям касби илм намуда, Қуръони маҷидро дар муддати ду солу се моҳ азёд мекунад. Баъдтар илмҳои мантиқу ҳикмат ва таърихро фаро гирифта, машқи хат мекунад ва дар навиштани хатҳои настаълиқу насх муваффақ мегардад.
Шоира бо тахаллусҳои «Зебуннисо» ва «Махфӣ» шеър гуфта, ба ғайр аз девони ашъор асари насрие дар тафсири Қуръони маҷид бо номи «Зеби тафосир» таълиф кардааст.
Зебуниссо соли 1702 дар синни 63-солагӣ дар Деҳлӣ вафот кардааст. Сурудаҳои ў дар намунаи ғазали зерин то ба имрўз дили аҳли завқу забонро тасхир мекунад.
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Биншин нафасе, булбули шўрида, ки имрўз,
Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст.
Гар шарбати васлат ба дили ташна надоданд,
Бемори ғами ишқи туро чашми таре ҳаст.
Чашмам ба раҳи қофилаи бӯи висолат,
Дар кӯйи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст.
Бедод макун ин ҳамаро дар дили Махфӣ,
Андеша намо ғайри туам додгаре ҳаст.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки ашъори дилангези Зебуннисо барои ба майдон омадани як силсила шоираҳои соҳибистеъдод роҳ боз кард, ки мо имрӯз сурату сирати зебои онҳоро дар сурудаҳояшон пеши назар меорем ва ба ҳунару истеъдоди волои онҳо сари таъзим фуруд меорем.
Порае буд аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, ки иқтибос шуд. Ин китоб саропо факту рақам аз таърихи забони мост. Забоне, ки бо гузашти замонҳо, қатлу куштори аҷнабиён, китобсӯзиҳову фарҳангзудоиҳои бегонагон боз ҳам асолати худро ҳифз кард.
Мутолиаи ин китоб барои ҳар нафаре, ки ифтихороти миллӣ дорад, судманд аст. Шумо аз ин китоб маълумотҳоеро ҳам дарёфт карда метавонед, ки пештар нахондаву нашунида будед.
Шакли электронии китоб ин ҷост: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.