Озмуншинос
Намедонам дӯстон мепазиранд ё на, вале ман ба устод Ҳафиз Раҳмон унвони Озмуншиносро шоиста донистам. Чаро?
Муддати 5 сол аст, ки шуруъ аз аввалин соли озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз миёни даҳҳо аъзои жюрӣ ягона касе, ки қариб ҳамарӯза аз ҷараёни озмун андешаҳои худро иброз медоранд.
Ва боз чӣ андешаҳое: Гумон мекунӣ як китоби таҳлили ҷомеи озмунро варақ мезанӣ ва ҳар рӯзи ин озмун чун як саҳифаи хоно ва шуниданиву хонданӣ аз пеши назар мегузарад.
Устод Ҳафиз Раҳмон бар замми он ки як донишманди маъруфанду ҳоло шахсан худам дар ин поя шахси дигареро сермутолиа надидаам, боз мушоҳиди хубеанд, ки бо як дид гумон мекунӣ равоншиносона афкори даруниву зарфияти дониши довталабро дарк мекунанд. Агар касе ақалан рӯзе бо ишон дар озмун бошаду ба муҳтавои суолҳои он кас дақиқ гӯш фаро диҳад, дармеёбад, ки ишон то куҷо дар суолгузорӣ маҳорат доранд.
Вале ин ҳама як тараф. Шумо боз аз кадом аъзои ҳакамони озмунҳо чунин таҳлилҳои пухтаву рехта ва мантиқиву заминиро мехонед? Шояд чанд нафари дигар ҳам бошанд, вале онҳо бештар дар суҳбат бо хабарнигорон изҳори назар мекунанд. Аммо Ҳафиз Раҳмон мову шуморо ҳар субҳ ё шом аз ҷараёни озмун бо як гузорише басо ҷолиб хотир шод мекунанд. Ҳатто мо одат кардаем, ки бояд ҳатман матлабе аз Ҳафиз Раҳмон дар бораи озмуни имрӯзаро бихонем. Зеро назари Ҳафиз Раҳмон олимона, коршиносона ва донишмандона аст.
Ба ин андеша ман имрӯз омадам, вақте боз ҳам дидам, ки аз даври ниҳоии озмуни Китобхонаи миллӣ “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” мо боз ҳам таҳлилҳои олимонаи Ҳафиз Раҳмонро хондем.
Ин аст, ки гуфтам агар мо унвони илмие бо номи “Озмуншинос” медоштем (ҳоло надорем), унвони аввалро ба Ҳафиз Раҳмон медодем.
Ё не?
Бобоҷон Шафеъ