Паҷумин рӯзи озмун. Гузор аз номинаи адабиёти классикӣ

Дирӯз, дар панҷумин рӯзи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинаи адабиёти муосир ва адабиёти классикӣ тоҷику форс (баъд аз соати 15) пурсиши донишҷӯён оғоз гардид. Дар номинаҳои адабиёти бачагона ва адабиёти ҷаҳон ҳанӯзам талабаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ баромад мекунанд, зеро шумораи хонандагони мактабҳои миёна дар ин номинаҳо зиёд аст.

Бадриддин Мақсудзода- узви ҳакамон аз номинаи адабиёти классикӣ тоҷику форс изҳор намуд, ки як пешравии озмуни имсол аз соли қабли ин зиёд шудани шумораи иштирокчиён мебошад. Ӯ зикр намуд, ки иштирокчиён ин номина шеру ғазалҳоро хуб медонанд, аммо камбудӣ дар ин самт он аст, ки рӯйхати асарҳои зиёдеро ҷамъ овардаанд, вале дар аксар вақт ба суолҳоямон дар мемонанд, ҳамзамон аз такриби ҳамон шеру ғазале, ки мехонанд, вақте суолашон медиҳем, ки ин тадбир ё ин калима чӣ маънӣ дорад, бисёрашон дар мемонанд. Мо ба иштирокчиёне, ки ба чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯянд, маслиҳат медиҳем ҳангоми аз худ кардани шеъру ғазал ба маънои он низ таваҷҷуҳ кунанд, луғатномаҳоро низ варқ гардонанд. Довталабоне ҳасанд, ки воқеан китоб хондаанд, шеъру ғазалҳои зиёдеро аз худ кардаанд, нутқи равон доранд, ки мо дар суҳбати онҳо инро дарк мекунем. Барои мисол як хонандаи синфи 10-и мактаби миёна аз ноҳия Вахш Фарзона Сафарова шеърҳои зиёд аз худ кардааст, баъзан луғатҳоро ҳам гуфта метавонад, асарҳои зиёди насриву назмиро аз худ кардааст, ба суоли аъзои ҳакамон посухҳои арзанда дод. Вақте ба ӯ суол додам, ки оянда ки шудан мехоҳед, вай гуфт мехоҳам дар факултаи филология таҳсил кунам, ки ин маро воқеан хурсанд намуд, зеро оянда мо чунин мутахассисони хубро дошта метавонем. Ҳамин гуна хонандаи фаъол Сафина Иматшоева аз ноҳияи Шуғнон хеле омодагии ҷиддӣ дидааст, посухҳои то ҷое мушаххас дошт.

Иштирокчӣ аз номинаи адабиёти классикӣ Шабнами Раҳматулло хонандаи синфи 8-ум аз ноҳияи Турсунзода бори аввал аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат дорад. Баъд аз баромадаш назди доварон ба мо изҳор дошт, ки баромади хубе дошт ба қавле доваронро тавонист то ҷое қонеъ созад. «Мақсади ман такмили дониш аст ва умедворам ҷойи сазоворро соҳиб мешавам, дар умум зиёда аз сад ғазал, садҳо рубоӣ ва китобҳоро мутоли намудам, ки ба низомномаи озмун мувофиқат мекунанд», гуфт Шабнами Раҳматулло.

Шукрона Абдураҳмонова хонадаи синфи 11 аз шаҳри Душанбе аз дигар иштирокчиёни номинаи адабиёти классикӣ мебошад. Ӯ зиёда 200 ғазал, 150 рубоӣ ва дубайтиҳо, 450 байт қасида, қитъаҳо ва достонҳо, беш аз 70 асари насриро аз худ намудааст. Мавсуф аз даврии шаҳрии озмун бо сазовор шудани мақоми сеюм ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтааст. Ҳамсуҳбати мо сабаби интихоби номинаи адабиёти классикиро маънии бузуруги сухани адибон гуфт. Бештар ғазалу шеърҳои Саййидои Насафиро дӯст медоштааст ва барои мо яке аз ғазалҳои дӯстдоштаашро қироат намуд, ки пешниҳод менамоем:

Дил чун мутеъ гашт, чароғи назар шавад,
Фарзанди нек ҷойнишини падар шавад.
Нахле, ки бар надод, шавад боғбон кабоб,
Хун мехўрад падар чу писар беҳунар шавад.
Сўйи муҳит дўш давидам зи ташнагӣ,
Обе наёфтам, ки лаби коса тар шавад.
Берун намекунад зи қафас тутии маро,
Гар хони рўзгор пур аз найшакар шавад.
Ашкам зи дида пой ба рўям ниҳодааст,
Ин тифл рафта‐рафта худобехабар шавад.
Акси рухи ту зинда кунад ҷони мурдаро,
Тарсам, ки рўйи оинаҳоро хабар шавад.
Хат ҳам дамиду фитнаи он чашм кам нашуд,
Золим чу пир гашт, ситамгортар шавад.
Бар боғбон умеди самар аз ниҳол нест,
Нахле, ки солхўрда шавад борвар шавад.
Эй Саййидо, чӣ суд аз ин кимиёгарӣ,
Толеъ агар мадад бикунад, хок зар шавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,

Матбуоти даврӣ.