Падидаи ҳавошиносӣ: дамабарф, барфкӯб, барфтӯфон, тӯфони барфӣ

Ҳодисае, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аз шаби гузашта, 21-уми январ шуруъ шуд ва аз субҳи рӯзи 22-уми январ шиддат гирифт, як падидаи ҳавошиносист, ки бо номҳои дамабарф, барфкӯб, барфтӯфон, тӯфони барфӣ ёд мешавад.

ДАМАБАРФ Ё БАРФТӮФОН як падидаи ҳавошиносӣ ва аз намудҳои тўфонест, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Бод бо вазиши шадид тўдаҳои барфро аз замин ба ҳаво гардон мекунад. Шуои он на чандон пурдомана аст ва метавонад арзи даҳҳо километрро фаро гирад.

Хуруҷи чунин тўфон метавонад, боиси тирагии фазо шавад, ки ба рафтуои одамону мошинҳо мушкил эҷод кунад; он метавонад боиси садамаҳои мудҳиш гардад, бахусус агар чунин тўфон дар роҳҳои пурпечутоби кўҳсор, рух диҳад. Фосилаи замонии он тулонӣ нест. Гоҳе чанд соат ва гоҳе ҳам чанд рўз давом мекунад. Аммо ба монанди тўфонҳои баҳриву дигар бўронҳо харобкор нест.

Шиддати бўрону боди сахт боиси тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво мешавад. Коҳиши дамо ва бориши шадиди барфу боди сард сабабгори яхбандиҳо мегардад. Сутунҳои интиқоли барқ, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, дарахтон ва ҳар гуна сутуни мухобиротиро хароб мекунад. Яхбандон рафтуомад дар роҳҳоро барои мошинҳо мушкил месозад, ҳатто, шояд муддате равуо дар ин гуна роҳҳо қатъ шавад. Дар кўҳҳо хатари лағжиши тарма ва дар дигар масир падид омадани кўҳи азим аз анбўҳи барф ба вуҷуд меояд.

Ҳангоми чунин тўфон имкон дорад, баъзе аз мардуми мусофир дар роҳи сафар бедарак шаванд. Бахусус, онҳое, ки новобаста аз таъкиду ҳушдорҳо дар ин гуна ҳавои номусоид майл ба шикор ё чорвочаронӣ мекунанд, мехоҳанд ҳезум оранд, дорувор ҷамъоварӣ кунанд, моҳидорӣ раванд…

Чунин амалҳо хатарноканд ва мебояд аз онҳо худдорӣ кард. Тўфони барфӣ ё барфкўб дар шароити Тоҷикистон рух медиҳад ва шоҳиди ин ҳолатҳо ҳам будаем. Ва ҳоло имрӯз шоҳиди онем. Ин тӯфон аз шаби 21-уми январ шуруъ шуд ва рӯзи 222-уми январ идома кард.

АЗ ИН БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД