Пагоҳ Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст мешавад

Пагоҳ соати 15:00 дар толори ҷаласоти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор мешавад. Даври ниҳоии ин озмун тули як ҳафта дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки ташаббускор ва бароҳандозандаи Озмун мебошад, доир шуд.

Гуфтанист, ки соли дуюми баргузории озмун бори дигар нишон дода, ки таваҷҷуҳ ба асарҳои Пешвои миллат, ки ҳадафи он омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, беш аз пеш меафзояд.

Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имсол бо тайёрии хубтар омодагии ҷиддӣ ва ҳадафмандона ба озмун омадаанд. Ин аз ҷараёни пурсупоси онҳо дар даври ниҳоӣ ошкор буд. Тавре аъзои ҳакамамон ҳам иброз доштанд, Озмуни имсола бо шумори ширкаткунандагон ва доираи фарохи мутолиаи осори Пешвои миллат аз соли пеш ба куллӣ фарқ мекард.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар даври ниҳоии озмун зиёда аз 250 нафар довталаб аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ рақобат карданд ва фардо натиҷаи ин рақобат эълон хоҳад шуд.

Аксҳо аз ҷараёни омодагӣ ба ҷамъбасти Озмун дар толори ҷаласоти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ.