“Пайрав” 10 – сола шуд
Ба ифтихори 10 солагии таъсисёбӣ – азнавбатабърасии нашрияи кӯдакону наврасон – “Пайрав” дар шуъбаҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва матбуоти даврии Муассисаи давлатии “Китбхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон гӯшаи намоишии ин рӯзнома омода ва манзури хонандагон гардонда шуд.
Рӯзномаи “Пайрав” барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шуда, аз моҳи январи соли 2016 ҳамчун замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор”-и вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадааст. “Пайрав” ҳамчун расонаи бачагона матолиби муфидро барои баланд бардоштани завқи бадею эҷодии кӯдакону наврасон пешниҳод менамояд. Ҳамчунин, дар рӯзнома аз дастовардҳо ва эҷодиёти навқаламони наврас намунаҳо ба нашр расонида мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки рӯзномаи “Пайрав” ягона нашрияи кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо фарогирии комил ва нашри мунтазаму бефосила барои наврасон мавод ба табъ мерасонад.
“Пайрав” аз рӯи нишондоди худ давоми мантиқии нашрияи овозадори “Пионери Тоҷикистон” буда, моҳе ду маротиба чоп мешавад ва шиори асосии он “Пайравони Пешвои миллатем” мебошад.
Нахустин сардабири он баъд аз эҳёи фаъолияти мунтазари он Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш ва ҳоло шоир ва рӯзноманигори ҷавон ва дастпарвардаи худи нашрия Муҳаммад Ғанизода мебошад.