Панди Ҳофиз бишунав…

“Ҳофиз ҳофизаи мост, Зиҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомӯзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ӯ зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест”.

Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ

“Панду ҳикмат ва суханони хирадмандона, ки дар адабиёти даҳонӣ ва китобатии халқи тоҷик хеле пурбаракат мебошанд, асрҳо инҷониб дар ҳаёти моддиву маънавии халқамон мавқеи ниҳоятдараҷа бузурге доштаанд” (Панду ҳикматҳо. Гирдоваранда М.Фозилов. Ба ҷойи сарсухан, Сталинобод, 1961,саҳ 5).

Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва гуманистию забоншиносӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ нақши носутурданиву нозудудание гузоштаанд, алҳақ, Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозист.

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!

Дар ҳақиқат, шеъри Ҳофиз хазинаи панду ҳикмат, сафинаи лутфу мавъизат ва ганҷинаи сафову насиҳат аст, ки дар имтидоди таърихи мозӣ аниси дилу шамъи маҳфили суханпарварон ва парчами сари дасту зинати авроқи насиҳатгустарон будааст:

Шеъри Ҳофиз дар замони одам андар боғи хулд
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд!

Ҳофиз дар гӯшае нишаста сухан намегӯяд, оҷизу нотавону побанди ҳисори андешаҳо нест. Аз сари минбари баланд овоз дармедиҳад, андеша мепароканад, насиҳат мекунад, маслиҳат медиҳад:

Ман он мурғам, ки ҳар шому саҳаргаҳ
Зи боми арш меояд сафирам!

Ҳаргиз аз номи касе салову аз боми касе садо дарнамедиҳад. “Ман”-и ӯ фарогирандаи нуқли афкори ниёкон, мазруфи таҷориби зиндагии  ҳамагон, гулчини мавъизати пирон аст:

Пирон сухан зи таҷриба гӯянду гӯямат,

Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун!

Аммо касеро маҷбуран сомиъи панду ҳикмати малеҳу шеъри каломи балеғаш намегардонад. Суханаш мудаллалу мукаммал ва мӯътамаду нишонрас аст, аз дил баромадаву бар дил менишинад:

Ойинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,

То бар ту арза дорад аҳволи мулку Доро!

Суханаш ороставу перостаи кулли саноеи лафзиву маънавист. Ба хотири бехато дарёфтани ҳадафи эҷодӣ пайкони бешумори бадеъӣ мепароканад: аз ташбеҳу истиораҳои дилнишин, талмеҳу таъбироти гуёву нақшин истифода мекунад, ки беназиру бебадаланд:

На ман аз хилвати тақво бадар афтодаму бас,

Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт!

Фармудаҳояш насиҳати маҳзу урёну дилбазан не, маслиҳати падаронаву ҳидояти дӯстонаанд:

Чанги ҳамидақомат мехонадат ба ишрат,

Бишнав, ки панди пирон ҳеҷат зиён надорад!

Намунаҳои хубу сараи амсолу ҳикаме, ки дар ашъори Ҳофиз мавриди истифода қарор гирифтаанд, аз тарафи донишмандони замон интишор ёфтаанд. Аз ҷумла, дар авроқи асари зилқимати донишманди маъруф Алиакбари ДеҳхудоАмсолу ҳикам” (Теҳрон, 1931) 45 ҳазор байт аз ашъори шуарои классики форсизабон оварда шудааст, ки ҳиссаи назарраси онро абёти Ҳофизи Шерозӣ ташкил медиҳад.

Дар китоби Маҳдии Суҳайлӣ “Зарбулмасалҳои маъруфи Эрон” (Теҳрон, 1967) низ абёти зиёде аз ашъори Хоҷаи Шероз интиқолу интишор ёфтаанд.

Дар “Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ”-и мураттабсохтаи донишманди фақиди тоҷик  Муллоҷон Фозилов ҳам, ки дар давоми солҳои 1974– 1979 дар се ҷилд ба табъ расидааст, бо намунаҳои фаровони абёти Ҳофизи лисонулғайб мулоқӣ метавон гардид.

Ростиро, вақте кас ашъори мавъизатбору насиҳатинтишори Хоҷаи бузургворро мутолаа  мекунад, дар пеши назараш маъниҳои олӣ, андешаҳои қавибунлод, воқеияти зиндагӣ, ҷавҳари ҳастӣ ва мақсаду матлаби офариниш чун аксе бар ойина ҷилвагар мешаванд.

Дар ҳар сатру мисрае, ки шоир мақолеву зарбулмасалеро истифода мекунад, албата, тарзи баёни тоза ва навпардозии шоиронае ба мушоҳада мерасад. Масалан, дар урфият мегӯянд: “аз сухани рост ранҷидаи хатост”, “ҳақиқат талх аст”. Аммо Ҳофиз ҷавҳари ин афкори пандомезро, ки мақолашон гуфта метавонем, на танҳо устокорона  истифода мебарад, балки мисраи эҷодкардааш аз асли андеша фурӯтар меравад ва ба дараҷот мавзунтару нишонрастару хотирнишинтар мегардад:

Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:

“Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!”

Гул бихандид, ки аз рост наранҷем, вале

Ҳеҷ ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт!

Дар байни мардум мақоли “меҳнат накунӣ, роҳат намебинӣ” хеле маълум аст, ки ҳангоми тарбия, суханронии устод бо шогирд, падар бо писар истифода бурда, хеле суфтатару ҳадафгиртару бадеаш гардонидааст:

Макун, зи ғусса шикоят, ки дар тариқи адаб

Ба роҳате нарасид он, ки заҳмате накашид!

Ва  ё мақоли маъруфи “гандум корӣ, гандум даравӣ, ҷав корӣ, ҷав”-ро ба тарзи дилнишинтаре ифода намуда, аз номи деҳқони солхӯрда, ки таҷрибаи ғании рӯзгор дораду ба писараш насиҳат медиҳад, чунин овардааст:

Деҳқони солхӯрда чи хуш гуфт бо писар.

К-ай нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ!

Ҳофиз дар мавриде мегӯяд:

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

В-он чи худ дошт, зи бегона тамано мекард.

Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,

Ӯ намедидашу аз дур “Худоё“ мекард!

Дар таҳтулматини ин байт маънии мақоли “об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем” қарор дорад. Вале, аслан, мурод аз таъбири талмеҳомези “ҷоми Ҷам” дили поку рӯшан ва мазҳаби софи ориф аст, ки ҷилвагоҳи ҷамоли ҳақиқат, оинаи тамомнамои кулли розҳои нокушуданию мубҳами офариниш ба шумор меравад. Мавлавӣ ба ҳамин маънӣ месарояд:

Ай қавми баҳарафта куҷоед, куҷоед!?

Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!

Маъшуқи ту ҳамсояи деворбадевор,

Дар бодия саргашта шумо  баҳри чароед?!

Гар сурати бесурати маъшуқ бибинед,

Ҳам қиблаву ҳам Каъбаву ҳам хона шумоед!

 

Шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз падидаҳои зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷрибаву амалияи ҳаёти шахсӣ мисол меорад. Ҳамин гуна мисол овардани шоирон  дар илми бадеъ тамсил ном дорад, ки дар ашъори Ҳофиз борҳо бамаврид истифода шудааст.

Дар воқеъ, маънию муҳтавои байте, ки Ҳофиз офаридааст, ба хусус, агар дар он мақоле ҷой дошта бошад, аз назари тозаву навоварона ифода ёфтааст. Ҳар мисраъ дар назари хонанда  аз мисраи дигар равонтару суфтатар ва пурмаъниву фаҳмотар аёну баён шудааст. Масалан, ақоиди инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва бечорапарастиашро Ҳофиз дар чанд ғазал ба тарзу тобиши гуногун ифода намудааст:

Май бихӯр, мусҳаф бисӯзу оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун!

Ва ё:

Мабош дар пайи озору ҳар чи хоҳӣ кун,

Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест!

Маълум мешавад, ки шоир бадӣ кардан ба мардумонро аз бадтарин хислатҳои инсонӣ мешуморад ва хонандаро намегузорад, ки раҳрави чунин роҳи русво гардад:

Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,

Ки растагории ҷовид дар камозорист!

Абдулқосим Фидавсӣ ҳам ба тобиши дигаре дар ин маънӣ фармудааст:

Намурд он, ки ӯ неккирдор буд,

Биёсуду ҷонро ба яздон супурд.

Дар девони Ҳофиз байте ҳаст ба ин сурат:

Бе хор гул набошаду  бе неш нӯш ҳам,

Тадбир чист, вазъи ҷаҳон инчунин фитод!

Дар мисраи якуми байт ифодаи манзуму марғуби ду мақоли мардумӣ ҷой дорад: “гул бе хор нест” ва “бе неш нӯш нест”, зеро дар урфият мегӯянд, ки “гули бехор куҷост?!”, “гӯшт бе устухон намешавад”,”бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд”, “то меҳнат накунӣ, роҳат намебинӣ” ки ҳамаро Ҳофиз дар як мисраъ басо муъҷазу суфта корбаст намудааст.

Дар байни халқ мақоли “бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ” маълум аст, ки дар ғазали Ҳофиз ба шакли “бе пир марав дар харобот” ва тарзҳои дигар ифода ёфтааст:

Он чӣ дар ойина ҷавон бинад,

Пир дар хишти хом он бинад!

Ё:

Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,

Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ!

Дар урфият мегӯянд, ки “сир додӣ, сар додӣ!”, “сирри дӯстон пӯшида биҳ!” ва “мард сар медиҳаду сир не”, ки Ҳофиз дар ҳамин мазмун овардааст:

Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,

Ки рози дӯст аз душман ниҳон биҳ!

Ҳамин тариқа, Ҳофизи малакутӣ дар ғазалиёти шӯрангези худ тавассути рафъати андеша ва вусъати дониш аз дурдонаҳои хазинаи ҳикмати мардумӣ – зарбулмасалу мақолҳои намакину нишонрас хеле бамаврид истифода бурда, ба ин васила ғазалҳояшро содаву фаҳмо ва равону дилписанд гардонидааст.

Ҳофиз, пеш аз ҳама, ситоишгари донишу маърифат, покию сафо, барандаи идеяҳои олии инсонпарастии ислому тасаввуф мебошад ва ба ин ҷиҳату сифати осораш борҳо бо ҳисси ифтихори арзанда ишора ҳам мекунад:

Ҳофиз ин гавҳари манзум, ки аз табъ ангехт,

Асари тарбияти Осафи Сонӣ донист!

Файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитсше (1844–1900) аз қироати ғазалиёти Ҳофиз ба ваҷд омада, чунин муроҷиаташ карда буд: “Ҳофизо! Майхонае аз ҳикмат бино кардӣ, ки аз бузургтарин кохи ҷаҳон бузургтар аст ва дар он бодае аз лутфи сухан фароҳам овардӣ, ки аз бардошти нӯшидани дунёе бештар аст, вале меҳмони ин майхонаи ту ҷуз симурғи достонӣ кӣ метавонад буд?!”

Барҳақ, алломаи дорулфунуни шеъру тафаккури форсӣ Ҳофиз дар эроду эҷоди абёти моломоли амсолу ҳикам устодест беназир! Аммо улувви суханварию ҳикматандеширо саҳлу муфт соҳиб нагардидааст. Заминаю василаи нубуғаш омӯзиши осору афкори мардуму киёкони офаридгораш будааст. Барои мисол, ӯ дар ғазале мегӯяд:

Некномӣ хоҳӣ, ай дил, бо бадон суҳбат мадор,

Бадписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад!

Ин маъниро қаблан Абулқосими Фирдавсӣ дар байте чунин ифода кардааст, ки барангезандаи илҳоми Ҳофиз шудану буданаш аз воқеъият дур нест:

Ҳаст танҳоӣ беҳ аз ёрони бад,

Нек чун бо бад нишинад, бад шавад!

Ва ё мақоли халқии “на ҳар ки сар тарошад, қаландарӣ донад” машҳуру маншур аст, ки Ҳофиз дар ҷое айнан истифода бурдаасташ:

Ҳазор нуқтаи бориктар зи мӯ ин ҷост,

На ҳар ки сар битарошад, қаландарӣ донад!

Дар ғазале дигар ин мақула ба тарзе бадеу фасеҳтар ифода ёфтааст:

На ҳар ки чиҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,

На ҳар ки оийина созад, сикандарӣ донад! 

На ҳар ки тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулоҳдорию ойини сарварӣ донад!

Чунин байтҳое, ки тавзеҳдиҳандаву ифодакунандаи ягон панду ҳикмат, яъне зарбулмасалу мақоли маъмулу маъруфи халқӣ ҳастанд ва барои ҳадафгиртар омадани афкору ангори шоир ба кор андохта шудаанд, дар ашъори Ҳофиз хеле зиёданд.

Шоир мушоҳидаҳои худро ба суханони суфтаи халқӣ, бо таҷрибаи андӯхтаи мардум муқояса намуда, гоҳо ба мифологияи таърихиву афсонавӣ рӯй меорад. Хубтар ва хуштар аз ҳама муваффақ мегардад, ки хонанда андешаҳояшро мушаххас эҳсос намуда, фалсафаи мактаби ахлоқиашро бо ақлу фиросати хеш дарёбад.

Ҳофиз дар ҳар ғазалаш як олам маъниро бо мақсади панду насиҳат омӯзонидани умум ва дар аъмоқи хотираҳо нишонидан ироъаву ифода намудааст. Ва ҳар мисраи ғазалаш ба ягон панду андарзи мардумӣ, андешаи пирону файласуфони таҷрибаманди ҷаҳони ҳикмату пиндори ҳазорҳо ва фармудаҳои судманди фурқонию набавӣ ҳамбаставу ҳамсангу ҳамрадифу ҳаммарому ҳаммаъност.

Осудагию дурандешӣ, ростию покизакорӣ, худогоҳию сарбаландӣ, қаноату бурдборӣ, илмомӯзию зиндагифаҳмӣ, хушгуфторию мулоҳизакорӣ, тарки одати зишту донистани қадри ҳаёт, даст кашидан аз ғайбату фитнаангезӣ, канораҷӯйӣ аз мансабу сарвати дунё –чунинад нуҷли панду ҳикмати пурқанди Ҳофиз, ки мехоҳадтавассути абёти рангин инъоми ҳамагонашон гардонад:

Гӯш кун панд, эй писар, в-аз баҳри дунё ғам махур,

Гуфтамат чун дур ҳадисе, гар тавонӣ дошт гӯш!

Хушбахтона, ба ҳарфи дилкашу беғаши Ҳофиз пиру барно, аз Саро то Сурайё, гӯш медиҳанд, ашъорашро мехонаду месарояд, афкорашро ҳалқаи гӯши ҳушашон медоранд.

Суруди  маҷлисат акнун фалак ба рақс орад,

Ки шеъри Ҳофизи ширинсухан таронаи туст!

Бале, шеъри Ҳофизи ширинадо имрӯз ҳам беҳин таронаи дилу рӯшантарин чароғи маҳофили мост. Ва ба хотири осонии мушкили ҳаводорони мутаъаддидаи каломи нерубахшу ҳидоятгараш мунтахаби ҳозираро пешкашашон намуда, давлати ҳамсуҳбатии нобиғаи тамоми давру замонҳоро барояшон саъду мусмар мехоҳем ва ба қавли худи шоъир мегӯем:

Насиҳат гӯш кун, к-ин дур басо беҳ

Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ!

 Асрори Раҳмонфар,

Алоуддини Исомиддин.

 Аз китоби “Ҳазор панди Ҳофиз”. Китоб соли 2005 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шудааст.

 Таҳияи Баргигул Наботоова, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шхсони имконияташон маҳдуд.