Панҷ ғазали  хуб аз Фонии Кашмирӣ

Муҳаммад Муҳсин Фонии Кашмирӣ аз шоирони ширинкалому нозукбаёни форс-тоҷик ва файласуфи асри XVII Ҳиндустон ба шумор меравад. Ў дар охирҳои нимаи дуюми асри XVI таваллуд ёфта, илмҳои расмии замонро хеле хуб омўхта, аз ҳар боб баҳраҳо бардоштааст.

Фонии Кашмирӣ баъд аз таҳсили улуми замон ба назди Шоҳиҷаҳон (1628-1658) меравад ва бо писари калонии шоҳ, ки яке аз донишмандони замон ба шумор мерафт, ҳамсўҳбат мешавад.

Чунончи Ҳусайнқулихони АзимободӣОшиқӣ дар тазкираи худ «Наштари ишқ» доир ба ин ҳолати Фонӣ чунин зикр кардааст: «Фонӣ ислоҳи сухан аз Мулло Яъқуби Сарфии Кашмирӣ гирифта буд. Баъди ҳусули таҳсили илмӣ ба ҳузури соҳибқирони сонӣ Шоҳиҷаҳонподшоҳ шитофт ва ба мулозимат расида ба хидмати садоратии савбааи Оллоҳобод маъмур гашт ва ба хуб ваҷҳ онро инсиром дод, ки аҳолӣ ва акобирони диёр аз вай розӣ ва мушаккур буданд».

Соли 1646 писари хурдии Шоҳиҷаҳон Муродбахш Балхро забт мекунад ва баъд аз гурехтани ҳокими он Надирмуҳаммадхон девони Фонии Кашмириро низ меёбанд ва маълум мегардад, ки Фонӣ дар мадҳи Надирмуҳаммадхон қасида гуфтааст. Ин хабарро ба гўши Шоҳиҷаҳон мерасонанд, Фонӣ аз мансаби садоратӣ ҳолӣ карда мешавад.

Шоир баъд аз ин ба Кашмир баргашта, зиндагии фақирона ихтиёр мекунад ва ба таълиму эҷод машғул мешавад. Аз таълими ў арбобони баркамол ба монанди Муллотоҳири Ғании Кашмирӣ ва Ҳоҷӣ Аслами Солим ба воя расидаанд.

Фонии Кашмирӣ соли 1670 дар зодгоҳаш аз ҳаёт чашм мепўшад.

Мероси адабии маълуми шоир аз чор достон («Нозу ниёз», «Майхона», «Масдар-ул-осор» ва «Ҳафт ахтар») қасида ва ғазалиёт иборат аст. Аз рўи ахбори устоди донишгоҳи Деҳлӣ доктор Сайид Амирҳасан Обидӣ Мўҳсин Фонӣ бар «Шарҳи Ақоид» дар арабӣ ҳошияе ба наср низ навишта будааст.

Ш. Девонаев.

ИН ПАНҶ ҒАЗАЛ АЗ ӮСТ?

Мактаби маънист доим дил зи нодонӣ маро,

Хона обод аст аз асбоби вайронӣ маро.

Зулф бар рухсору кокул бар қафо афканд дўст,

Шуд зи ҳарсў ҷамъ асбоби парешонӣ маро.

Дар чаман наргис ба ёди он ду чашми нимхоб,

Мебарад ҳардам ба сайри боғи ҳайрони маро.

Аз гиребони ҳавас кўтаҳ бувад дастам, ки ишқ

Дўхт бар тан ҷомае аз покдомонӣ маро,

З-он даҳан то ном бурдам лаб фуру бастам зи ҳарф,

Ғунчасон хомўш кард охир забондонӣ маро.

Гавҳари поки сиришкам гар бубинӣ, эй садаф,

Аз барои обрў бар дида биншонӣ маро.

Хатти лаб ҳизру даҳонат чашмаи оби бақост,

То туро дидам намегўяд касе Фонӣ маро.

*** ****

Баски айши майкашон талх аст дар айёми мо,

Бода ҳам ширин набошад дар мазоқи ҷоми мо.

Мо ба рўи ў дар он зулфи парешон зиндаем,

Муфлисему нест ғайр аз моҳ нони шоми мо.

Баски бадномем дар ишқи лаби лаъли бутон,

Мекунад паҳлў тиҳӣ ҳотам зи нақши номи мо.

Саҳл бошад дар ҷаҳон ҳар мурғро кардан асир,

Ҷуз ҳумо сайде намеояд ба чашми доми мо.

Оҳуи чашми туро к-аз мо чу ваҳшӣ мерамад,

Ром хоҳад кард охир ашки беороми мо.

Кардаем аз хотири худ хоҳиши олам бурун,

Комронӣ мекунад акнун дили нокоми мо.

Мо чи сон дар кунҷи узлат дам зи гумномӣ занем?

То қиёмат аз сухан боқист, Фонӣ, номи мо.

*** ****

Мебарад ёр аз раҳи чашмам дили девонаро,

Дузди ман медуздад аз равзан матои хонаро.

Гул ба чашми соғар афтодааст то дар боғи ҳусн,

Об аз май додаанд он наргиси мастонаро.

Шамъ то нагзорад аз сўзи дарун дар базми васл,

Кай тавонад сўхтан болу пари парвонаро.

Ҳусни хубон чун зи ороиш ду чандон мешавад,

Ҷой дорад гар бибўсад зулф дасти шонаро.

Аз паи як дона гандум то ба кай хоҳад шикаст,

Осиёи дасти зоҳид сабҳаи саддонаро,

Гиряи мастона ҳам нури басар кам мекунад,

Айнак аз мино сазад чашми тари паймонаро.

Худшинос ар нест кас Фонӣ, набошад ҳақшинос,

Ошноӣ бо Худо набвад зи худ бегонаро.

*** ***

Дар гирдоби ҳодиса як меҳрубон бас аст,

Гар даст бар замин нарасад осмон бас аст.

Бар хони худ нишину чу меҳмон азиз бош,

Нони дуруст гар нарасад ними нон бас аст.

Душман гар аз ғилоф барояд мадеҳ ҷавоб,

Хомўшии ту ҷавҳари теғи забон бас аст.

Аҳли камол умр ба сахтӣ ба сар баранд,

Яъне барои ризқи ҳумо устухон бас аст.

Фазлу ҳунар чу ҳаст, чӣ ҳоҷат ба макру шайд,

Аз баҳри худфурўшии мо як дўкон бас аст.

Бори ҷахон ба дўш чу гови замин макаш,

Як мушти хок бар сари ин хокдон бас аст.

Фонӣ, дўкони ишқ ба ҳар кўча во макун,

Як дил матоъ дорию як дилситон бас аст.

*** ***

Эй бодапарастон, раҳи майхона кадом аст?

Хилваткадаи шишаву паймона кадом аст?

Ҷуз чашми бутон кас нашиносад дили моро,

Аз маст бпурсед, ки девона кадом аст?

Дар маҷлиси афсурдадилон то нафаси субҳ,

Шамъ аст саросема, ки парвона кадом аст?

Аз ғайр мапарҳез ба базми майи тавҳид,

Маҳрам кӣ дар ин маҷлису бегона кадом аст?

Пурсид чу ошуфтагии оҳи маро, дид,

К-ин зулфи парешоншударо шона кадом аст?

Ҳар қатраи ашкам ба раҳаш тухми вафоест,

Дар кишти умедам беҳ аз ин дона кадом аст?

Ҷуз шиша кас аз марг ба ҳоли дили Фонӣ,

Шамъе, ки кунад гиряи мастона, кадом аст?

МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, 1969, №8
Таҳияи сармутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ
Заурова Гуландом.