Панҷ рисолати хидматчии давлатии ҷавон. Кадом рисолат?
Посухи ин суолро шумо метавонед аз китоби тозанашри Гурез Қосимзода “Панҷ рисолати хизматчии давлатии ҷавон” пайдо кунед. Ин китоб соли ҷорӣ таҳти назари проофессор Абдухалил Ғафурзода чоп шудааст.
Китоб барои хидматчиёни давлатии ҷавон, ки хидмати давлатиро чун рисолати муҳим пазируфтаанд, ҳамчунин бароит устодону омўзгорон, донишҷўёну магистрантони ихтисосҳои идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода дар сарсухан ба китоб аз ҷумла навиштааст:
Дар бораи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қадар гўем ва нависем кам аст.
Маҷмўи хизматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат дар таҳкими давлатдорӣ, бунёди кохи сулҳу ваҳдати миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, шинохту эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон таҷассум меёбад.
Бо ин ифода ва бо эҳтироми хосаву эътимоди самимона фаъолият ва роҳи тайнамудаи Сарвари давлатро метавон Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон унвон кард, ки дар он мо дарси хирадмандӣ, ватандорӣ, ҷавонмардӣ, хештаншиносӣ, мардумшиносӣ, бунёдкорӣ, роҳкушоӣ, дарси адолат, садоқат ва зиндагии шоиста меомӯзем. Он моро ба сўйи худшиносии миллӣ, ватандорӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ҳидоят месозад.
Гузаштан аз Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамои рўзгору фаъолияти худ қарор додани фазилатҳои ин Мактаби тарбия вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо, хоса хизматчиёни давлатии ҷавон мебошад.
Дар китоби «Панҷ рисолати хизматчии давлатии ҷавон» муаллиф аз хизматҳои таърихии Президенти мардумии Тоҷикистон, шоҳроҳи тайнамудаи Сарвари давлат дар солҳои истиқлоли миллӣ, дар маҷмўъ аз Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва ташкили хизмати давлатии муосиру миллӣ андешаҳояшро манзури хонанда намудааст.
Муаллиф омўзиши ин Мактаби идоракуниро рисолати муҳими хизматчии давлатии ҷавон арзёбӣ мекунад, ки дар ин робита рисолати нахустини китоб «Мактаби Президенти мо – роҳнамои амали мо» унвон гирифтааст…
Идомаи сарсухан ва умуман китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Шарофат МИРЗОЕВА,
сармутахассиси шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ