Парчам  ҳамчун рамзи  муқаддасоти миллӣ

“Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек, давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон.

“Ҳар яки моро зарур  аст, ки муқаддасоти миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлату давлатдори ба ҳисоб меравад.

Пайдоиши аввалин парчамҳо ба замонҳои қадим рафта мерасад, ки сарчашмаҳои таъриҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси ҳайвонот, аз ҷумла шер, хирс, асп, гов, гург, уқоб, боша, ва ғайраҳо мавҷуд буданд. Масалан, давлати Миср, ки онро 26 сулолаи Фиръавнҳо идора мекарданд, соҳиби парчами худ буд. Мисриёни қадим, ки шоҳинро муқаддас мешумориданд, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд.

Ҳамзамон гуфт, ки дар соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърихӣ – Куруши Кабир империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиниҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.

Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки муқаддасоти миллии худро нигоҳ дорад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Мебоист баъд аз ба даст овардани истиқлол парчами милли худро тасдиқ намояд, аз ин хотир, то санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус бо роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш қарор медод.

Ҳамаи иштирокчиёни озмуни беҳтарин парчами давлатӣ матои серанга – сурх, сафед ва сабзро пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва  имрӯзаи халқи тоҷик мебошад.  Ҳамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби З. Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев пешниҳод шуда буд, ба анҷом расонид. Аввалин рамзи давлатӣ – парчам 24 – уми ноябри соли 1992 бо қабули Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Бояд қайд кард, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 сол, Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ соҳиби парчами миллӣ шуд.

Дар ҳоли ҳозир парчами Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил байни зиёда аз 220 давлати ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунад.

Маврид ба зикр  аст, ки 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар охир ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буда ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки  Парчами давлатии кишварро эҳтиром намоянд. Ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро, арҷгузорӣ  ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

Шайдулло Байдуллое, мутахассиси
Маркази  таҳсилот  ва
иноватсияи  китобдор
ӣ