Парчам – рамзи истиқлол, ваҳдат ва эҳёи таърихи миллӣ

«Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ифтихор ва ҷасоратест, ки мардуми мо аз қадим ҳамчун воситаи муттаҳидшавӣ қадр мекунанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам на танҳо як матои ранга аст, балки барои ояндаи дурахшони мо ҳамчун ифодаи рӯҳи миллат, таърихи пурифтихор ва ормонҳост. Он моро ба ёди муборизаҳои аҷдодон, эҳёи ҳувияти миллӣ ва ваҳдати тоҷикон мебарад. Парчам рамзи амиқи истиқлолияти кишвар аст, ки ормонҳои қадимии миллатро эҳтиром намуда, онҳо ба фаромӯшӣ намебарад. Он на танҳо як рамзи эстетикӣ ва зоҳирӣ, балки як қисми муҳим аз мероси фарҳангӣ ва таърихии мо мебошад.

Бо рангҳои беназир – сурх, сафед ва сабз, ки рамзи ормонҳои бузург ва арзишҳои тоҷикон аст. Ранги сурх, ки нишонаи ҷасорат ва ҳиммат аст, моро ба хотир меорад, ки чӣ қадар қаҳрамонӣ ва муқовимат барои истиқлолияти кишвар сарф шудааст. Ранги сафед, ки ба сафо ва покизагии рӯҳ ва гузаштагони бузурги миллат ишора карда, бо худ озодии фикр ва амалро ба вуҷуд меорад. Ранги сабз, ки рамзи рӯшноӣ, умед ва мақсадҳои оянда аст, ҳамаи ормонҳои моро барои зиндагии беҳтар ва ободӣ таъкид мекунад. Дар маркази парчам тоҷи зарҳалини шоҳона бо ҳафт ситораи панҷгӯшаи зарҳалин дар шакли нимдоира ҷойгир аст. Тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон аст, ҳафт ситора ба ҳафт насли ориёӣ ва ё ҳафт вилояти таърихии тоҷикон ишора мекунад ва камонҳои тоҷ ба ҳафт кӯҳи бузурги Помир монандӣ доранд. Ҳамин тавр, ин рангҳо аз замонҳои қадим дар фарҳанги ориёӣ маъруф буданд ва ба се табақаи ҷомеаи бостонӣ (рӯҳониён – сафед, ҷанговарон – сурх, кишоварзон – сабз) рабт доштанд. Тоҷ ва ҳафт ситора бошад, ба Дирафши Ковиён – куҳантарин парчами миллии тоҷикон пайваст мебошанд. Ин Парчаме, ки имрӯз дар кишвари мо парпарафшонӣ мекунад, тули таъриху асрҳо арзишҳои фарҳангии тоҷиконро таҷассум мекунад. Дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон, аз шаҳрҳои калон то деҳоти кӯчак, Парчам мавқеи худро устувор сохтааст ва мардумро ба ормонҳои бузург ва омодагии пайваста ба рушди кишвар ҳидоят мекунад. Парчам, ки дар айни замон яке аз рамзҳои ягонагии миллӣ, ваҳдат ва бародарӣ аст, муҳимтарин унсури идоракунии мардумӣ ба ҳисоб меравад. Вай дар кунҷи ҳар як ҷаласаву маърака ва чорабиниҳои давлативу сиёсӣ намоиш дода мешавад, ки ба аҳли ҷомеа ва ҷаҳон зарурати иттиҳоду таъмини саъю кӯшишҳои якҷояи халқро нишон медиҳад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддасоти асосии истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар аст. Он 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаст ва маҳз дар он рӯзҳои душвори таърихӣ, ки миллат ба ваҳдати воқеӣ ниёз дошт. Он на танҳо нишонаи давлати соҳибистиқлол, балки пайванди зинда байни гузаштаи пурифтихор ва ояндаи дурахшони мост. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» (аз 12 майи соли 2007) муқаррар шудааст, ки Парчам ҳамроҳ бо Нишон ва Суруди миллӣ – се рамзи асосии давлатро ташкил медиҳад.

Аз Дирафши Ковиён то истиқлолияти навин. Вожаи Парчам дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд. Дар Авесто ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Дирафши Ковиён ҳамчун нахустин парчами миллати тоҷик тавсиф шудааст. Ин парчамро Коваи оҳангар аз пешдомани чарминии худ сохта, бар зидди Заҳҳоки золим бардошт ва рамзи шӯриши озодихоҳона гардид. Баъдан, дар даврони Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён он бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шуд ва рамзи қудрати давлати мардуми эронитабор ба шумор мерафт. Дар асрҳои миёна парчамҳои гуногун истифода мешуданд: дар Аморати Бухоро – сабз бо моҳу ситора, дар давраи шӯравӣ – сурх бо рахҳои сафед ва сабз, вале пас аз истиқлол, соли 1992 парчами серанга қабул гардид, ки пайванди мустақим бо мероси ориёӣ ва Дирафши Ковиёнӣ дорад.

Хушбахтона, аз соли 2006 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дирафши Ковиён расман аз нав эҳё гардид ва ҳоло дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон тасвир меёбад. Ин қадам рамзи барқарорсозии ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳост. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: «Парчам рамзи идомаи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аст». Эҳёи Дирафши Ковиён нишон медиҳад, ки мо на танҳо меросгирони таърихем, балки созандагони оянда ҳам ҳастем. Ин рамз ба наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки танҳо дар ваҳдат ва эҳтиром ба аҷдодон, дар оянда мо метавонем кишвари ободу осуда бисозем.

Нақши парчам дар ваҳдати миллӣ ва тарбияи наслҳо хеле нақши бориз дорад. Дар рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ маҳз нигоҳ доштани ваҳдат ва эҳтиром ба рамзҳои миллӣ миллатро наҷот дод. Имрӯз парчам дар тамоми ҷашнҳо – Рӯзи Истиқлол, Рӯзи Парчам (24 ноябр), Наврӯз ва дигар тантанаҳо парпарафшон мегардад ва ҳар як шаҳрванди кишварро ба ифтихору сарбаландӣ водор месозад. Парчами серангаи мо на танҳо матое аст, балки ҷони миллат, рамзи озодӣ, ваҳдат ва эҳёи таърихи куҳан аст. Аз Дирафши Ковиёни Коваи оҳангар то парчами муосири тоҷу ҳафт ситора, ин роҳи тӯлонии мубориза барои истиқлол ва шараф аст.

Парчам рамзи ҳастӣ, давомият ва шарафи як миллат аст, он ҳамеша мардумро муттаҳид мекунад, ба онҳо қувваю неру мебахшанд ва хотироти таърихиро зинда нигоҳ медорад. Парчам тамоми ин хусусиятҳоро дар худ таҷассум кардааст:

– Рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

– Ҳамаи шаҳрвандонро, новобаста аз забон, мазҳаб, минтақа ё ақидаи сиёсӣ, дар зери як рамз муттаҳид месозад.

– Нишонаи соҳибдавлатист.

– Нишон медиҳад, ки миллат давлат, сарҳад, қонун ва истиқлолияти худро дораду ҳифз мекунад.

Ҳар як давлат барои ҳувияти худ ба ин рамз ниёз дорад.

Парчам муқаддас аст, чун он тасвири Ватан, таърихи миллат, ифтихори истиқлол, рамзи ягонагӣ ва оромӣ мебошад. Шахс пеш аз ҳама ба Ватан эҳтиром мегузорад ва эҳтиром аз рамзҳои муқаддас оғоз мегардад.

Бигзор парчами Тоҷикистон ҳамеша боло бошад, ваҳдати мо пойдор монад ва ояндаи миллатамон дурахшон гардад

Муҳаммад Сафаров номзади илмҳои педагогӣ, сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.