Парчами бахту иқбол
Парчам муарифгари миллат, нишон аз мустақилияти давлат мебошад. Мардуми тоҷик ҳанўз дар тули қарнҳо ба кашмакашию тохтутози муғулу араб ва туркҳо, ки тули солиёни зиёд ин мардуми бофарҳангу тамаддунофарро ба зери зулму истибдод гирифта буданд, ҳувияту номуси худро нигоҳ доштанд.
Ҳанўз дар «Шоҳнома»-и худ Ҳаким Фирдавсӣ дар образи Коваи оҳангар бо парафшонии байрақи коваён, далерию шуҷоати ин мардуми ориёиро нишон дода буд. Маҳз ҳамин шуҷоату ҳувияти миллӣ буд, ки имрўзҳо Тоҷикистон дар тамоми сайёра бо нишону парчами худ ҳамчун кишвари мустақил муаррифӣ гардидааст.
24-уми ноябри соли 1992 рўзи қабули парчами Тоҷикистон мебошад. Ин рўзро ҳамасола мардуми тоҷик дар қатори дигар рўзҳои таърихие, ки дар ин моҳ ҷашн гирифта мешавад бо як тантанаи хос ҷашн мегиранд. Парчами Тоҷикистон бо се ранг сурх, сафед, сабз ва нишону ҳафт ситораи зарҳалин оро дода шудааст. Ҳар як ранги ин муқаддасот ба худ як рамзи хосае дорад. Ранги сабзу сафед нишон аз сарсабзиву хуррамии диёр буда ранги сурх аз хунрезии шермардони диёр барои сохтани давлати конститутсионӣ далолат мекунад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлати парешонгаштаро аз сари нав муттаҳид намуданд. Ҷавонону мардони зиёде дар роҳи озодию истиқлолияти диёр нобуд шуданд. Маҳз хунрезии ин абармардони бо нангу номус буд, ки Тоҷикистон аз сари нав ба кишвари ободу зебо табдил ёфт.
Имрўзҳо парчами Точикистон дар баландии 165 метр дар ҳавои софу беғубори диёр алвонҷ хурда аз ободӣ, осудагӣ, муттаҳидӣ ва мустақилии кишвар дарак медиҳад.
Зикралиева Ҳурматпошо, корманди шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.