Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон
«Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».
Эмомалӣ Раҳмон
Миллати тоҷик давоми таърих миллати парчамдор буд. Ҳамчун рамз (намод) истифода шудани парчам таърихи куҳан дорад. Ба қавли олимон, он таърихи зиёда аз чорҳазорсола дорад. Бостоншиносон дар Эрон парчами филизие кашф намудаанд, ки мутааллиқ ба ҳазораи сеи пеш аз милод будааст. Ба андешаи муаррихон, ин ливо, ки болои он шер ва тулӯи Офтоб тасвир шудааст, яке аз парчамҳои қадимтарин маҳсуб мешавад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.
Воқеан ҳам дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст.
Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд.
Чуноне аз асотирҳо бармеояд, мардум аз зулми шоҳ Заҳҳок ба дод омада, бо сардории Коваи оҳангар, ки пешбанди чармини оҳангарии худро ҳамчун парчам бар болои сар бардошта буд, бар зидди ӯ бархостанд.
Баъди сарнагун кардани Заҳҳок, шоҳ Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, ба сари тахт омада, ин дирафшро бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қимматбаҳо зебу ороиш дода, ба он номи «Дирафши Ковиёнӣ»-ро гузошт.
Мояи ифтихор аст, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгузин гардида, ҳамчун нишони абадияту бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон маҳсуб меёбад.
Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Он ҳамчун рамзи муҳими истиклолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон,мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватанпарасти мамлакат мебошад.
Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ буда, дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.
Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».
Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.
Хулоса, Парчам дар ҳар давру замон рамзи нангу номуси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва яке аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ва ба ҳисоб рафта, эҳтирому арҷгузорӣ намудан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Ҳомидова Замира, корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллї»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.