“Паём раҳнамои ояндаи пурсамар”- мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
“Паём раҳнамои ояндаи пурсамар”. Таҳти ҳамин унвон шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2025” мизи мудаввар бо иштироки мутахассисони соҳа ва кормандони Китобхонаи миллӣ доир намуд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш Салима Раҷабзода муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, оид ба самтҳои гуногуни Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаҳои худро ироа намуд.
Салима Раҷабзода аз ҷумла изҳор дошт, ки як нуктаи асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа буд. Сарвари давлат ба ин масъала хеле бархӯрди ҷиддӣ доранд ва солҳост, ки ин нукта дар ҳар суханронии Пешвои миллат таъкид мешавад. Воқеан, бубинед сол то сол теъдоди занон дар корҳои давлативу ҳукуматӣ зиёд гардида истодаанд. Имруз зиёда аз 70 дарсади кормандони Китобхонаи миллиро бонувон ташкил медиҳанд, ки ин худ боиси ифтихор аст. Яъне, метавонем гўем, имрўз дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама зан –модар, зан – омузгор, зан – сиёсатшинос, зан – духтур, зан – ронанда, зан – китобдор ва дигару дигар аст” мавқеи сазовор ишғол мекунад.
Дар идомаи ҳамоиш Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ӯ гуфт, ки Паём роҳнамои ҳар яки мо дар кору зиндагии ҳаррӯзаамон мебошад ва дар пайравӣ ба Пешвои миллат мо ҳаматарафа саъю талош варзем то Тоҷикистон рӯз ба рӯз гулгуншукуфон шавад.
Ба ақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд” –илова кард, Гавҳар Шарофзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар идома муовинони директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ва Сайфиддин Камолзода, ҳамчунин муовини сардори шуъбаи илмӣ-методи ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ Насиба Даниярова назару андешаҳои худро дар иртибот ба Паёми имсолаи Президенти кишвар ва дастгириҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри китобхону китобдӯсти ҷомеа изҳор доштанд.
Аз ҷумла зикри нуқтаҳои муҳими Паём, ки ба мутолиаи китоб ва китобдӯстии аҳолӣ нигаронида шудаанд ва ёдоварӣ аз бинои боҳашамати Китобхонаи миллӣ аз мавзуҳои муҳими мизи гирд ба шумор мерафтанд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш меҳмонон пешниҳодҳои худро дар робита ба ҳамрайъи ба Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби китобу китобхонӣ миёни аҳолӣ ироа намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар яки мо дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллиамон ҳамеша аз як гиребон сар бароварда, онҳоро амалӣ хоҳем кард.
Мизи гирд бо мубодиаи афкор миёни ширкатдорон ба итмом расид.
Наргис Назарзода,
бахши матбуо ва робита бо ҷомеа.