Паёми Пешвои миллат – маромномаи рушди устувори Тоҷикистон

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони Китобхонаи миллӣ ва меҳмонон  вобаста ба Паёми Пешвои миллат ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа меҳмонон: муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Чоршамбезода Сураҷ Сайнак  ҳузур доштанд.

Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмщои педагогь, профессор Ҷумахон Файзализода дар сухани ифтитоҳии хеш меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз талошу заҳматҳо ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат сухан ронд. Аз ҷумла қайд кард: “Чуноне ки огоҳ ҳастем ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ироа месозанд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки 16-уми декабри соли 2025 чун анъана Паёми Пешвои миллат дар бинои Парлумони кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа карда шуд. Таҳлили мавзуӣ ва илмии Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки Сарвари давлат дар Паёми худ ҳама масоили муҳими сиёсати дохилӣ ва берунии кишварро дар бар гирифта, дар баробари баррасии масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва башарию байналмилалӣ дастуру супоришҳои худро доир ба иҷрои мушкилоту муаммои рӯзмараи низоми давлатдории мо ба ниҳодҳои давлатӣ манзур намуданд.

Пешвои муаззами миллат такя ба неруи созанда, хиради волои аҷдодӣ, илму фарҳанг, арзишу суннатҳои неку мондагори миллати куҳанбунёди тоҷик карда, ба масъалаҳои фарҳанг ва маънавиёти миллӣ низ махсус таъкид намуданд. Тавре аз Паёмҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат маълум мегардад, китобу китобдорӣ, фарҳанги мутолеа ва ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши фарҳангу тамаддуни миллӣ дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамеша ба он таъкид мекунанд, ки дар ҳамбастагӣ ин миллат метавонад Тоҷикистонро ба як кишвари озод, обод, муттаҳид, сулҳгаро ва неруманду поянда мубаддал гардонда, он чи гузаштагони мо орзу доштанд, ҷомаи амал бипӯшонад.”

Сипас муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баромад намуда, аз нуктаҳои асосии Паём бахусус аз ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз, хизматҳои шоёни Пешвои Миллат, заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сухан кард. Муовини аввали Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр кард: “Паёми имсола низ чун ҳама паёмҳои гузаштаи Пешвои муаззами миллат сарнавиштсоз буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амният, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимро дар бар мегирад. Аслан ҳар як Паёми Пешвои миллат дар давру замоне, ки гуфта мешавад аз пешрафту шукуфоӣ, дастовардҳову пеши худ гузоштани нақшаҳо ҳама аз ҳам фарқ доранд. Ҳар кадом аз ин Паёмҳо дар замону лаҳзаи худ зарурият дорад ва нотакрор асту фарқкунанда. Замоне буд, ки Пешвои миллат аз мушкилиҳову роҳҳои ҳалли онҳо мегуфтанд, аз мушкилиҳову вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегуфтанд. Сол ба сол Паёмҳо бо дастовардҳои нав ба нав ғанӣ мегарданду дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ аз 10 соли охири давлатдории миллиамон сухан меравад.“

Маликшо Неъматзода ҳамзамон аз мушкилиҳои паси сар кардаи кишварамон, дастовардҳои милливу ҷаҳонӣ аз қабили ворид шудани 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО, ки сабаби  эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардидааст, ёдовар шуд.

Маликшо Неъматзода қайд кард, ки соли 2025 дар воқеъ соли таърихиву хотирмон аст, зеро созишномаи сулҳи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид. 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Ҳамчунин, 21-уми декабри соли 2025 дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (ва роҳбарони Ӯзбекистону Қирғизистон) бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд, ки боиси ифтихори миллии мост.

Дар фароварди сухан Маликшо Неъматзода ҳамагонро ба  ватандустиву бародарӣ, одамгариву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, ба эшон саломативу сарбаландӣ таманно намуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Сайнак суханронӣ намуд. Номбурда зимни баромади худ аз номи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҷиҳати дастгириҳои судманд ва пешрафти тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ арзи сипос намуд. Аз мулоқотҳои Пешвои миллат бо ҷавонон, аз такя ба неруи созандаи ҷавонони кишвар, аз  қабул гардидани барномаҳои соҳавӣ барои рушд ва дастгирии ҷавонон: таъсис дода шудани стипендияҳову  Квотаҳо барои ҷавонони ноҳияҳои дурдасту кӯҳистони Тоҷикистон, стипендияи “Дурахшандагон” барои ҷавононе, ки берун аз кишвар таҳсил мекунанд, сухан гуфт. Сураҷ Сайнак қайд кард, ки агар дар соли 1991 ҳамагӣ ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, имрӯз  даҳ ҳазору панҷсаду шасту ҳашт иншооти варзишӣ мавриди истифодаи ҷавонону наврасон қарор дорад. Ҳамчунин туҳфаи Пешвои миллат – “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони ҷумҳуриро зикр намуд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон қайд кард, ки ҳамасола сиву нӯҳ миллион сомонӣ танҳо барои гирандагони  стипендияи Президентӣ ҷудо карда мешавад, ки ин ҳам далели меҳрубониву дастгириҳои ҷавонону наврасон аз тарафи Пешвои миллат мебошад, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти насли ҷавони халқу миллат аст. Ногуфта намонад, ки рӯзи 1-уми январи соли 2026 бо се амри Роҳбари давлат ҷиҳати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонону наврасон ва аҳолии кишвар ба китобу китобхонӣ ва илмандӯзӣ  бисту шаш миллиону чорсаду бист ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Ин аст, ки имрӯз дар тамоми ҷанбаҳову соҳаҳои хоҷагии халқ ҷавонон кору фаъолият мекунанд ва саҳми онҳо назаррас аст. Дар идомаи сухани худ, мавсуф, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва кормандони онро барои саҳм гузоштан дар тарбияи ҷавонону наврасон изҳори сипос намуд.

Дар фарҷом директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Хол ба ҳамагон барору комёбиҳо таманно намуд.

Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа