ПАЖӮҲИШ: Нигаронӣ аз вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гирдоварӣ, бақайдгирӣ ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмӣ мебошад. Дар заминаи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳои ба Китобхонаи миллӣ воридгардида коркарди библиографӣ ва таҳияи омори матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Гирдоварӣ ва бақайдгирии нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» (№792, 26.12.2011) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгўйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» (№453, 31.08.2012) амалӣ мегардад. Қабули қонуни мазкур саривақтӣ буда, тибқи талаботи он фонди китобхонаҳо ва бойгониҳои ҷумҳурӣ бо осори тозанашр таъмин ва ғанӣ мегарданд. Акнун, баъд аз қабули қонуни мазкур чандин сол сипарӣ шудаву он ба сифати қонуни соҳавӣ хизмат мекунад, вале ҳоло мехоҳем сар бизанем ба омору таҳлилҳое, ки солҳои охир вобаста ба дастрасии нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ ва то кадом андоза банду талаботи қонуни амалкунанади боло зикршуда иҷро мегардад, муайян намоем.

Таҳлили вазъи воридоти нусхаҳои ҳатмӣ нишон медиҳад, ки раванди иҷрои нишондоди қонуни мазкур нигаронкунанда набошад ҳам, вале дар баъзе ҳолатҳо муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмӣ ҷиҳати воридоти нусхаҳои ҳатмӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд. Албатта, ин танҳо мушкилоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон набуда, ба тамоми муассисаҳои гирандаи нусхаҳои ҳатмӣ дахл дорад. Бо назардошти он ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии осори чопӣ мебошад ва дар сурати дастрасии онҳо фонди муассиса низ мукаммал мегардад ва хидматрасонӣ ба хонандагон осон иҷро карда мешавад, мушкилоти дастрас нагардидани нусхаҳои ҳатмӣ бештар дар ин муассиса эҳсос мегардад.

Вобаста ба ин, шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади омўзиши раванди иҷрои нишондоди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» (аз 31 августи соли 2003) ҷараёни воридшавии нусхаҳои ҳатмиро дар давраи аз соли 2016 то 2021 дар муассиса мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дод.

Натиҷаи таҳқиқоти мо муайян кард, ки соли 2016 аз рўйи нишондоди таҳқиқот ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», «Дониш», «Маориф», «Эр-граф», «Истеъдод», «Истиқбол» ва «Шарқи озод» ҳамагӣ 52 номгўйи маводи чопӣ бо теъдоди 112 нусха ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид шудааст ва ин нишондод нисбат ба номгўйи китобҳои чопшуда аз ҷониби нашриётҳои ишорашуда ба маротиб кам аст.

Соли 2017 бошад аз ин нашриётҳо ҳамагӣ 78 номгўй бо теъдоди 113 нусха ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид шудааст ва онҳо ба фонди асосии Китобхонаи миллӣ барои истифодаи хонанда пешкаш гардидааст.

Ин омор дар соли 2018 беҳбуд ёфта, аз нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», «Дониш», «Маориф», «Эр-граф», «Истеъдод», «Истиқбол», «Адабиёти бачагона», «Энсиклопедия», «Шарқи озод» ва «Бухоро» 185 номгўй бо теъдоди 409 нусха ва аз нашриётҳои гуногун 247 номгўй бо теъдоди 372 нусха ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид шудааст ва ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки дар соли 2018 аллакай масъулияти нашрияҳо аён гардида, онҳо дар навбати худ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таваҷҷуҳ намудаанд. Раванди супоридани китоб аз ҷониби нашрияҳои зикршуда ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ дар солҳои минбаъда такмил ёфта, ба ин тартиб бояд қайд шавад, ки дар сурати чунин фаъолмандии нашрияҳо фонди мақомоту муассисаҳои гирандагони нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳо низ комил мегардад.

Масалан соли 2019 нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», «Дониш», «Маориф», «Эр-граф», «Истеъдод», «Истиқбол», «Адабиёти бачагон», «Шарқи озод» ва «Бухоро» 311 номгўй бо теъдоди 635 нусха китобро ба Китобхонаи миллӣ супориданд, инчунин аз нашриётҳои гуногун 372 номгўй бо теъдоди 1009 нусха ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид шудааст, ки ин амали масъулиятшиносонаи нашрияҳо ба фаъолияти соҳа вусъати тоза мебахшад.

Солҳои 2020-2021 ва нимаи аввали соли 2022 фаъолияти нашрияҳо дар самти супоридани нусхаҳои ҳатмӣ каме тағйир ёфта, воридшавии китобҳо ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ сусттар ба назар мерасад. Яъне дар муддати дувуним сол нашрияҳои «Адиб», «Ирфон», «Дониш», «Маориф», «Эр-граф», «Истеъдод», «Истиқбол» ва «Адабиёти бачагона» 288 номгўй бо теъдоди 386 нусха китоб ворид кардаанд, ки ин нисбати соли 2019 кам аст ва ин масъала низ аз ҷониби нашрияҳои гуногун низ якранг аст.

Баъд аз хулоса ва нигоҳ ба омори воридшавии нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ мо тасмим гирифтем, ки ин равандро дар яке аз муассисаҳои асосии гирандаи ҳуҷҷатҳо ҳамчун нусхаи ҳатмӣ аз назар гузаронем. Мавриди зикр аст, ки МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» низ яке аз гирандагони нусхаи ҳатмӣ ба шумор меравад. Таҳқиқот нишон дод, ки соли 2021 ба бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон 1720 номгўй китоб, 5993 шумора рўзнома, 437 маҷалла, 507 нусхаи фишурдаи (автореферати) рисолаҳои илмӣ ва 9 диссертатсия ворид шудааст.

Дар соли 2020 бошад ба муассисаи мазкур 1200 нусха китоб, 3726 нусха рўзнома, 415 нусха маҷалла ва 330 нусхаи фишурдаи (автореферати) рисолаҳои илмӣ ворид гардида, мавриди таҳлилу коргарди библиографӣ қарор дода шудааст.

Дар муқоиса ба соли 2020 ба бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон дар соли 2021- 520 номгўйи китоб, 2267  рўзнома, 22 маҷалла ва 177 нусхаи фишурдаи (автореферати) рисолаҳои илмӣ зиёдтар ворид гардидааст.

Баъд аз муқоиса ва натиҷагирӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки воридшавии нусхаҳои ҳатмӣ ба муассисаҳои гирандаи ин ҳуҷҷатҳо якзайл набуда, дар яке зиёду дар дигаре кам ба чашм мерасад. Ин аз он гувоҳ медиҳад, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» ба таври бояду шояд аз ҷониби нашрияҳо иҷро нагардида, дар баъзе мавридҳо масъулон онро сарфи назар менамоянд.

Дар сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат китобу китобдорӣ, тарғиби илму дониш ҷойгоҳи хоса дошта, ниҳодҳои масъули таълиму тарбия, аз ҷумла китобхонаву чопхонаҳо ва нашрияҳои кишвар вазифадоранд, ки дар ин самт пешсаф бошанд.

Имрўз хонандагон ба китобҳои тозанашр беш аз пеш ниёз доранд, аммо на ҳама вақт дархосташон иҷро мегардад, чунки чопхонаву нашрияҳо китобҳои тозанашрро саривақт ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллии Тоҷикистон намесупоранд. Аз ин рў, тамоми чопхонаву нашриётҳои ҷумҳуриро даъват менамоем, ки нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» – ро риоя намуда, тибқи он ба муассисаҳое, ки гирандагони нусхаҳои ҳатмӣ маҳсуб меёбанд, саривақт шумораи зарурии нусхаҳои ҳатмиро супоранд.

Мавҷудияти нусхаҳои ҳатмӣ дар фонди китобхонаҳои мамлакат ба вусъати раванди татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиби китобу дониш ва рушди фаъолияти китобдорӣ мусоидат намуда, барои боз ҳам ғанитар гардидани маҷмўи осори чопӣ, қонеъгардонии талаботи рўзафзуни истифодабарандагон ва таҳияву интишори дастурҳои гуногуни библиографӣ бағоят муҳим мебошад.

Хулоса тибқи таҳқиқу баррасиҳои шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ маълум гардид, ки дар тӯли 6 соли фаъолияти хеш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби нашриётҳо 1305 номгўй бо теъдоди 1498 нусха адабиёт ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид гардидааст, ки дар муддати фаъолияти кориашон нашриётҳои «Адиб», «Ирфон», «Дониш», «Маориф», «Эр-граф», «Истеъдод» ва «Адабиёти бачагона» адабиёти чопнамудаашонро ворид намудаанд. Аз нашриётҳои гуногун 1428 номгўй бо теъдоди 3034 нусха ворид гардид. Инчунин дар рафти таҳқиқот маълум гардид, ки мутаассифона, ҳастанд нашриётҳое, ки бо сабабҳои ба мо номаълум адабиёти чопнамудаашонро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон сари вақт ворид наменамоянд. Аз ҷумла «Истиқбол», Энсиклопедияи миллӣ ва «Шарқи озод» аз зумраи онҳо мебошанд.

Имрўз кормандони соҳаи матбуот, бахусус роҳбарони нашриёту матбааҳоро зарур аст, ки бо ҳисси баланди худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллату давлати хеш фаъолият намоянд. Ин гуна фаъолият дар он ҳувайдо мегардад, ки ҳамеша ва бо масъулияти баланд нусхаҳои ҳатмии китобҳоро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супоранд ва ҳамеша дар робитаву ҳамкории пайваста бошанд ва ин робитаву ҳамкориҳо бо пешравии кори муассиса аз ҷумла ғанӣ гардидани фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва фаъолияти босамари бойгонии матбуоти даврии он мусоидат хоҳад кард.

 

 

 

 Рухшона КАРИМОВА,

сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.