Пажӯҳиши шеъри замони Истиқлол дар рисолаи номзадии Ҳадятуллоҳи Амриддин
Аввали моҳи ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорамон Ҳадятуллоҳи Амриддин рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Вижагиҳои мавзӯӣ ва жанрии шеъри тоҷик дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон» ҳимоя намуд. Мавсуф рисоларо таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои донишманди шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода навишт ва дар ҳузури ҷамъе аз устодони муҳтарами донишгоҳҳои олии кишвар, аъзои Шӯрои диссертатсионӣ бомуваффақият ҳимоя кард.
Ҳадафи таҳқиқот муайян кардани вижагиҳои мундариҷавӣ ва жанрии шеъри тоҷик дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буд ва тавре аз суханрониҳо маълум гардид, муаллифи рисола ба куллӣ аз уҳдаи таҳлилу баррасии шеъри имрӯз баромад.
Аз назари диссертант шеъри тоҷик дар замони истиқлол чун марҳалаи нави осори манзуми тоҷик вобаста ба шароити иҷтимоии давр ва ҳадафҳои миллии мамлакат ба тағйироти бузурге рӯбарӯ гардид. Барои амалӣ кардани ин ҳадаф диссертант дар назди худ вазифа гузоштааст, ки:
Шеъри давраи нави тоҷикро чун давоми бевоситаи осори манзуми зиёда аз ҳазорсолаи тоҷик арзёбӣ намояд;
Дар ибтидои садаи XX вобаста ба шароити нави таърихӣ ва тағйироти куллии мундариҷавию шаклӣ мувоҷеҳ шудани шеъри тоҷикро мухтасар баррасӣ кунад;
Шеъри замони истиқлолро чун марҳалаи тозаи осори манзуми давраи нав муаррифӣ намояд;
Самти ҳаракати шеъри даврони истиқлоли тоҷикро аз нигоҳи мундариҷа, муҳтаво ва жанр муайян кунад;
Ҳусну қубҳи шеъри айёми истиқлолро баррасӣ карда, вазъи кунунии ин давраи адабиро натиҷагирӣ намояд.
Ин таҳқиқот чӣ навгонӣ доштаву бо кадом вижагиҳои худ аз пажӯҳишҳои гузашта фарқ мекунад?
Аз назари диссертант шеъри даврони истиқлол бо вуҷуди чанд мақола, пажуҳишҳои пароканда дар бораи паҳлуҳои гуногуни шеъри тоҷик, аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва таҳаввулоти сифатии он то ба ҳол ба таври муфассал дар шакли рисолаи илмӣ ба таҳқиқ гирифта нашудааст. Муаллифи рисола дар таҳқиқоти хеш аз сарчашмаҳои васеъи илмӣ ва ашъори фаровони наслҳои калонсол ва ҷавони шоирони имрӯзи тоҷик истифода кардааст, то ба шеъри замони истиқлоли тоҷик баҳои воқеӣ ва муносиб бидиҳад.
Дар ҷараёни таҳлилу таҳқиқ ба ҳайси сарчашмаи омӯзиш эҷодиёти шоирони тоҷик аз ибтидои садаи XX то наслҳои гуногуни адибони даврони истиқлол мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамчунин аз сарчашмаҳои илмӣ ва пажӯҳишу тадқиқоти суханшиносони гузаштаю имрӯза, таълифоти назарию танқидии адабиётшиносон ва соҳибназарони ватанию хориҷӣ, маводи баҳсу мунозираҳои донишмандон, ки дар робита ба паҳлуҳои мухталифи шеъри имрӯзи тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расидааст, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ҷараёни ҳимояи рисолаи илмӣ ширкаткунандагон ба ин хулоса расиданд, ки бо вуҷуди он, ки оид ба паҳлуҳои гуногуни ашъори шоирони даврони истиқлол аз ҷониби адабиётшиносон дар мақолаҳои ҷудогона ва пажӯҳишҳои алоҳида сурат гирифтааст, аммо дар диссертатсияи мавриди назар бори аввал ба таври умумӣ ва дар шакли рисолаи илмӣ дар робита ба мазмуну муҳтаво ва шакли шеъри тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ хулосабарорӣ шудааст. Пажӯҳиши мазкур барои муайян намудани ҷараён ва мавқеи шеъри тоҷик имконият фароҳам меоварад.
Ба андешаи муаллифи рисола дар давраи пажӯҳиш баробари адибони калонсоле, ки дар дарвони шӯравӣ бо ҳунари нигорандагӣ машҳур буданд (мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ...) насли нави адибон (мисли Низом Қосим, Фарзона, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Муҳаммад Ғоиб, Озар…) аз худ дарак доданд ва дар баробари ҳавзаи адабии Душанбе дар минтақаҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон низ ҳавзаҳои адабӣ бо муваффақият фаъолият доранд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар шеъри тоҷик аз лиҳози шакл ба таҳаввулот рӯбарӯ гардид. Дар ин айём шаклҳои суннатии шеърӣ чун ғазал, рубоӣ, маснавӣ, мусаммат, тарҷеот, дубайтӣ ва ғайра аз ҷониби адибон истифода мешавад. Дар баробари ин шаклҳои нави шеърӣ аз қабили шеъри озод ё нимоӣ, шеъри сафед, хусравонӣ ҳам мавриди таваҷҷуҳи шоирон қарор гирифта, онҳо дар эҷоди тарзу усулҳои чунин анвои шеърӣ муваффақ шудаанд.
Муаллифи рисола ҳангоми баррасии мавзӯъҳои муҳиме, ки шоирони муосир ба он рӯ овардаанд, ба мавзӯъи инъикосу таҳлилу баррасии ҷанги дохилии Тоҷикистон диққат додааст ва навиштааст, ки Ҷанги шаҳрвандӣ дар эҷодиёти наслҳои гуногуни адибони тоҷик ба таври муфассал ба тасвир кашида шудааст. Масъалаи ваҳдату ягонагӣ, огоҳ намудани мардум аз оқибати ҷангу хунрезӣ, пасомади ногувори ҷаҳлу нодонӣ ва бедор намудани ҳисси хештаншиносии мардум боиси ривоҷи бештари шеъри сиёсӣ-иҷтимоӣ гардид ва мавзӯи ватанхоҳона дар шеъри имрӯзи тоҷик ба дараҷаи аввал баромад. Аз зумраи шоироне, ки ба ин мавзӯъ бештар алоқа нишон додаанд, Гулрухсор, Гулназар, Алимуҳаммад Муродӣ, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, Озарахш ва Озар мебошанд.
Адибони тоҷик дар ин давра дар сафи аввали мунодиёни сулҳу дӯстӣ қарор гирифта, бо эҷоди ашъори баландмазмун дар иттифоқу сарҷамъии мардум нақши бориз гузоштанд. Ба таври мисол метавон аз маҷмӯаҳои шеърии “Чакомаи ваҳдат”, “Оинаи ваҳдат”, “Паёми ваҳдат”, “Анҷумани ваҳдат”, “Таронаи ваҳдат” ҳамчунин “Ҳаммосаи дод”-и М. Қаноат, “Зодрӯзи дард”-и Гулрухсор, “Марсияи айём”-и Ашӯр Сафар ва чанде дигар ёд кард. Аз ҷумлаи шоироне, ки ба ин мавзӯъ бештар алоқа зоҳир намудаанд, Н. Қосим, К. Насрулло, Гулназар, Озарахш, Рустами Ваҳҳоб, Ҳақназар Ғ. ва Муҳаммад Ғ. мебошанд. Дар диссертатсия ин мавзӯъ бо мисолҳо тақвият ёфтааст.
Як боби ин рисола “Хусусиятҳои жанрӣ ва ҳунарии шеъри замони истиқлол” ном гирифтаву дар он оид ба вижагиҳои жанрӣ ва ҳунарии ашъори шоирони имрӯзи тоҷик мавриди баҳсу баррсаӣ қарор ёфтааст. Ҳамзамон бо ин таҳлили шаклҳои нави шеърӣ, воситаҳои тасвири бадеӣ ва ғайра аз назари муаллифи рисола дур намондааст.
Б.Шафеъ