Пажуҳишҳои нави Пажуҳишгоҳи фарҳанг
Ҷилди дуюми маҷмуаи тозанашри Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (Душанбе, 2023. – 320 с) аз ҷониби номзади илмҳои таърих Фирдавс Шарифзода таҳия шудааст. Он барои муҳаққиқону муаррихон, кормандони соҳаи фарҳангу санъат, магистрону унвонҷўён, устодону донишҷўёни факултету шуъбаҳои фарҳангшиносӣ, китобдорӣ ва рўзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар пешниҳод шудааст. Маҷмуа аз 6 қисм иборат буда, фарогири 15 мақола ва 1 тақриз мебошад.
Қисми якуми маҷмуа «Пешвои миллат ва рушди фарҳанги миллӣ» унвон дорад ва дар он 3 мақола ворид шудаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи муҳаққиқон Шариф Комилзода ва Маҳмадалӣ Ҷалилов «Нақши Пешвои миллат дар рушди фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» таваҷҷуҳ бештар ба омўзиши нақшу мақоми Пешвои миллат дар бунёди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти китобдорӣ дар давраи нави таърихӣ, тақвият ва такмили асосҳои қонунгузории соҳаҳои китобдорию иттилоотшиносӣ, таҳияву татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ, сохтмони биноҳои наву замонавӣ ва таъмиру азнавсозии китобхонаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, муҷаҳҳазгардонии китобхонаҳои мамлакат бо воситаҳои техникии муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва фарогирии кормандон бо дониш, малакаю маҳорати баҳрабардорӣ аз ин технологияҳои инноватсионӣ, мукаммалгардонии фондҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр, нашри адабиёти илмиву оммавӣ, китобҳои дарсӣ, монографияи илмии олимон, роҳандозӣ гардидани интишори силсилаи осори адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи асарҳои пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон ва дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, роҳнамоӣ дар ташкилу таъсиси китобхонаҳои электронӣ, зоҳир карда шудааст.
Муаллифони мақола иқдомҳои навҷуёнаи Пешвои миллатро дар соҳаи китобдории ҷумҳурӣ таҳлилу баррасӣ карда, онҳоро аз лиҳози моҳият ва муҳиммияташон ба ду давраи аз ҳам тафовутдошта тақсимбандӣ кардаанд: давраи аввал – фарогири солҳои 1992-2010 – Пешвои миллат раҳобахшандаи соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ аз буҳрони шадид; давраи дуюм – фарогири солҳои 2011-2021 – Пешвои миллат бунёдгузори раванди таҳаввулоти соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ. Ба андешаи муаллифон, давраи аввал, ки панҷсолаи аввалаш ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд, солҳои то рафт бештар авҷгирӣ ва ба нуқтаи баландтарин расидани таназзул ва бурҳони шадиди соҳаи китобдорӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, қайд мегардад, ки таҳаввулотҳои нави дар давраи дуюм ба вуқуъ пайваста, аз ҷумла бунёди бинои ҳозиразамони Китобхонаи миллӣ бо фарогирии навофариҳо дар соҳаи сохтмон бо дарназардошти нозукиҳои меъмории миллӣ, истифодаи технологияҳои муосири сохтмонӣ ва бо бозёфтҳои назариявии соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ муҷаҳҳаз кардани он, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бо шукўҳу ҳашаматаш беназир аст, аз шоҳкориҳои ниҳоят арзишманд дар самти навҷўию навофариҳои Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар мақола таъкид шудааст, ки дар фаъолияти инноватсионии Пешвои миллат дар соҳаҳои китобдорӣ-иттилоотӣ таваҷҷуҳи пайваста ва ибтикороти пайгирона ҷиҳати баргузор кардани ҳар навъ озмунҳои ҷумҳуриявии инъикоскунандаи таблиѓу гиромидошти китобдўстию китобхонӣ ҷойи хоса дорад ва натиҷаҳои ниҳоии мусбати озмунҳо бори дигар аз он шаҳодат доданд, ки нақши Пешвои миллат дар эҳёи китобдўстии миллат ва ба ин васила тадриҷан баланд бардоштани сатҳи маънавиёти миллат, махсусан камолоти насли навраси тоҷик беандоза бузургу манфиатбахш мебошад. Инчунин, муаллифон қайд намуданд, ки бо шарофати фазои мусоиди соҳибистиқлолӣ айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи китобдории худро бо дастовардҳои назаррас зина ба зина татбиқ намуда истодааст, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат воқеан беандоза бузург аст.
Барои пайдо кардани ошноии ҳарчи беҳтару бештари хонандагони гиромӣ ба мазмун ва муҳтавои маҷмуаи мазкур, онҳо метавонанд ба Китобхонаи миллӣ муроҷиат намоянд.
Меҳроҷ Комилов,
сардори Шуъбаи рисолаҳои
илмии Китобхонаи миллӣ