Пажӯҳиши тоза дар мавриди эҷодиёти Латофат Кенҷаева

hususiyathoi-goyaviРисолаи илмии  Муродгул Саъдуллоева  «Хусусиятҳои ғоявӣ, жанрӣ, сабкии ашъори бачагонаи Латофат Кенҷаева» фарогири хусусиятҳои ғоявӣ, жанрӣ, сабкии ашъори бачагонаи адиби маъруф Латофат Кенҷаева мебошад. Таҳқиқоти илмӣ назариявӣ доир ба эҷодиёти шоир, нависандаи адабиёти бачагонаи тоҷик Латофат Кенҷаева буда, интихоби мавзуъ дар рисолаи мавриди назар дар робита ба ҳаёту фаъолияти эҷодиёти Латофат, ба хусус вижагиҳои ғоявӣ, жанрӣ ва сабкии ашъори бачагонаи вай дар адабиётшиносии бачагонаи муосири тоҷик аз мубрамияту аҳамияти хосса иборат буда, боварӣ аст, ки то ҷое моҳияти адабиёти бачагонаи тоҷикро дар ин маврид пурра менамояд:

Муаллиф ба ин назар аст, ки дар заминаи маводи рисола мавзуоти таҳқиқотӣ барои навиштани рисолаҳои магистрӣ, номзадӣ, докторӣ ва дигар навъи корҳои илмии мактабҳои олии касбӣ пешниҳод ва роҳнамоӣ карда мешаванд.

Натиҷаҳои таҳқиқот метавонад барои таҳияи маводи таълимӣ аз фанҳои адабиёти муосири тоҷик, адабиёти бачагона (атфол), назарияи адабиёт, курсҳо ва семинарҳои илмӣ, ҳамчунин барои донишҷӯёни риштаҳои филологӣ истифода шавад.

Ҳамчунин китоб барои адабиётшиносон, таърихнигорон, магистрантон, унвонҷӯёни бахши адабиёт ва дигар шахсону мутахассисон манфиатманд муфид буда метавонад.

Саъдуллоева Муродгул Файзибековна. Хусусиятҳои ғоявӣ, жанрӣ, сабкии ашъори бачагонаи Латофат Кенҷаева. – Душанбе: Матбаа 2025, 202 саҳ.

Ин китоб соли 2025 дар нашриёти матбаа аз чоп баромадааст ва аз 202 саҳифа иборат мебошад.

Хошишмандон китоби «Хусусиятҳои ғоявӣ, жанрӣ, сабкии ашъори бачагонаи Латофат Кенҷаева» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.