Пажӯҳиши устод Айнӣ дар мавриди авлоди Фирдавсӣ. Ҳакими Тӯс аз фарзандон киро дошт?
Низомии Арӯзии Самарқандӣ Фирдавсӣ ба ҷуз як духтар ақиб (фарзанд) надошт мегӯяд. Пас аз вафоти Фирдавсӣ зинда мондани ин духтарро дар мавриди қабул накардани он духтар ҳадяи ба Фирдавсӣ фиристодаи султонро таъкид мекунад. Аммо худи Фирдавсӣ дар ҷилди чоруми “Шоҳнома” дар саҳифаи 520-521 дар вақти 65 солагии худаш мурдани як фарзанди 37- солаашро ба ин тариқа ҳикоя мекунад:
Маро сол бигзашт бар шасту панҷ,
На неку бувад гар бинозам ба ганҷ.
Магар баҳра гирам ман аз панди хеш,
Барандешам аз марги фарзанди хеш.
Маро бувад навбат, бирафт он ҷавон,
Зи дардаш манам чун тане беравон.
Шитобам ҳаме, то магар ёбамаш,
Чу ёбам, ба байғора биштобамаш,
Ки навбат маро буд, бекоми ман,
Чаро рафтию бурди ороми ман?
Зи бадҳо ту будӣ маро дастгир,
Чаро роҳ ҷустӣ зи ҳамроҳи пир?
Магар ҳамраҳони ҷавон ёфтӣ,
Ки аз пеши ман тез биштофтӣ?
Ҷавонро чу шуд сол дар сию ҳафт,
На бар орзу рафт, гетию рафт.
Ҳамебуд ҳамвора бо ман дуруст,
Барошуфту якбора бинмуд пушт.
Бирафту ғаму ранҷаш эдар бимонд,
Дилу дидаи ман ба хун дарнишонд.
Кунун ӯ сӯи рӯшноӣ расид,
Падарро ҳаме ҷой хоҳад гузид
Баромад чунин рӯзгоре дароз,
К-аз ҳамраҳон кас нагаштанд боз.
Ҳамоно маро чашм дорад ҳаме,
Зи дер омадан хашм дорад ҳаме,
Маро шасту панҷу варо сию ҳафт,
Напурсид аз ин пиру танҳо бирафт.
Вай дар шитобу ман андар диранг,
Зи кирдорҳо то чӣ ояд ба ҷанг….
Бо шаҳодати худи Фирдавсӣ, дар ҳаёти худ – дар вақти 65- солагиаш мурдани як фарзанди 37-солааш собит аст. Баъд аз сараш як ворис доштани ӯ ҳам ба ривояти Носири Хусрави Алавӣ собит аст, аммо духтар будани он (чунонки Низомӣ мегӯяд) ва ё хоҳараш будани он (чунонки баъзе тазкиранависони дигар қайд кардаанд) дар зери шубҳа мемонад.
Аз китоби Садриддин Айнӣ: “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ таҳияи Манижа Ибрагимова, мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.