Пешвои маорифпарвар
Соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, баҳри рушду густариши ҳамаҷонибаи он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамин таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа аст, ки ҳамасола дар кишварамон даҳҳо муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва шахсони саховатпешаву ватандўст бунёд меёбанд, ки ин ҳама баҳри соҳибмаърифату соҳибкасб гардидани сокинони мамлакат мусоидат мекунад.
Бояд қайд намуд, ки рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи маориф ва илм, хусусан муаллимони соҳибмактабу масъулиятнок вобастагии зиёд дорад. Имрўз шароити корӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст, ки ин ба сифати ташкилу баргузории машғулиятҳои таълимӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид қайд намуданд, ки: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баланд ихтисос, омўхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омўзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Маҳз омўзиши пайваста ва мақсаднок ба мо имкон медиҳад, ки асрори оламу одамро дарк намуда, ба ин васила дар пешрафти ҷомеа саҳми муносиб гузорем. Дар воқеъ, бунёди миллату давлат ва рушду пешрафти тамоми бахшу соҳаҳо аз соҳаи маориф ва илм вобастагии зиёд дорад. Сармоягузорӣ ба неруи зеҳнӣ ва муҳайё намудани шароити илмомўзиву касбазхудкунӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад
Мояи ифтихор ва сарафрозии зиёд аст, ки имрўзҳо хонандагону донишҷҷёни муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпидаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён ва боиси муаррифии миллату давлат гашта истодаанд, ки аз дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дарак медиҳад.
Ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм кормандони соҳаро водор менамояд, ки сатҳу сифати машғулиятҳои таълимиро мутобиқи замони муосир ба роҳ монда, насли наврасу ҷавони кишварамонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва дўст доштани ватани маҳбубамон ба камол расонанд.
Рисолат Шералиева, мутахасиси пешбари шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбон.