Пешвои миллат аз назари ман
Имрӯзҳо ҷашн гирифтани рӯзи мубораку фархунда ва фаромӯшнашаванда, яъне Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон бо шукуҳу шаҳомат ва самимияти хос идома дорад. Ман Пешвои муаззами миллатро чун абармарди майдони сиёсат, ҷасорат, матонат, муҳаббат, ҳақиқат ва маҳбуби халқу миллат мешиносам.
Маҳз Роҳбари давлат буданд, ки дар сангинтарин рӯзҳо бори масъулияти бузурги давлатдориро ба дӯш гирифта, давлату миллат ва Ватани азизи моро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд ва дар Тоҷикистон сулҳу субот оромию осудагиро барқарор намуданд.
Ҳар яки мо шоҳиди он рӯзҳои сахту вазнин будем.Тамоми сохторҳои давлат фалаҷу валангор гардида буд ва аз нав бунёд кардани он кори саҳлу осон набуд.
Лек ин марди накуному шарафманд бо азму иродаи қавӣ ва бо ҳисси ватандӯстӣ ва бо сари баланд ин масъулияти басо душворро ба дӯш гирифтанд. Қасам бо шири поки Модар, бо қадамҳои устувор ва бо дили гарм Ватани хешро обод намуданд. Бо ҳисси ватандӯстӣ ба бечорагон, гурезагон, маъюбону барҷомондагон хайру саховат ва дасти мадад дароз намуданд.
Ҳар гоҳе, ки сухан дар бораи Ватан-Модар меравад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ду арзиши воло бо самимияти хосу эҳсосоти баланд сухан мекунанд.Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба дастгириҳои бонувон дар ҳама соҳаҳо таъсиргузор гардида, сиёсати Пешвои миллат нисбат ба занон фарогири ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Президенти кишвар ҳамеша таъкид мекунанд, ки “бе иштироки фаъоли занон пешрафти ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ғайриимкон аст”. Ҳамзамон қайд мекунанд, ки “Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи фарзанди боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.
Таъкид мекунанд, ки “мову шумо нафақат дар Рӯзи модар, яъне 8- март, балки ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарон ва духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем ва эҳтироми ҳар яки онҳоро ба ҷо биёрем”.
Имрӯз барои мо занон рӯзи ифтихор аст, ки мо дорои роҳбаре ҳастем, ки нақши занонро баланд бардошта, ҳамчун поя ва бақои ҷомеа эътироф мекунанд.Зан на танҳо модар ва мураббӣ, балки созандаю шарики баробарҳуқуқ дар сохтани ҷомеаи демократӣ мебошад. Ҳамзамон ҳазорҳо духтарон соҳиби касбу ҳунар гардиданд. Агар ба 28 соли охир назар кунем 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи Президентӣ хатм кардаанд. Инчунин 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намудаанд.
Туҳфа намудани китоби муқаддаси “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бори нахуст ба бонувони кишвар, худ эҳтироми беандозаи Пешвои миллат нисбат ба ҷасорату паҳлавонии занони кишварро бори дигар дарк месозад.
Агар мо корнамоиҳои Пешвои миллатро чун баҳри беканор аст ва соатҳо, рузҳо, солҳо ҳикоят кунем, боз ҳам кам аст.
Мо бонувони кишвар номи Пешворо бо хатҳои заррин навишта, фахр аз ин Пешвои хирадмандонаи худ мекунем ва барои қаҳрамониҳои ин марди наҷиб сари таъзим фуруд меорем. Эътимод ба боварие, ки Сарвари давлат нисбати занону модарон иброз намудаанд, аз амалҳои наҷибу хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш истифода бурда, дар насли наврас, фарзандони хеш, ҷомеа тарбия намоем.
Фароғат Толибова,
сардори шуъбаи
депозиторӣ