Пешвои миллат: “Бохтару Суғд – гаҳвораи нахустдавлати тоҷикон”

Ибораи гаҳвораро навиштаму андешае доманагирам шуд, ки шояд баъзеҳо хӯрдагирӣ намоянд: “гаҳвораро ба давлату давлатдории тоҷикон чӣ нисбатеву монандиест, ки борҳо зимни навиштаҳо ёд шуда буду акнун бар сарлавҳа  роҳ ёфт”.  Вале даст пеш нарафт, ки онро хат занам ё ба калимаи дигаре иваз намоям.

Воқеан, рамзи гаҳвора ин ҷо ҳам ба  маънои аслӣ  омадаву ҳам ба маънии маҷозӣ. Зеро овони тифлӣ, овони афтидану хестанҳои омӯхтани роҳгардӣ, овони роҳ ёфтан ба арсаи тамаддуни башарӣ, овони худро шинохтану ҷаҳонро шинохтани ниёгони тоҷикон аз ҳамин ҷо ибтидо мегирад. Оғози сарнавишти талху ширин, оғози нахустин падидаҳои тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ ва оғози рисолати давлату давлатдории онҳо низ маҳз аз ҳамин гаҳвора сарчашма гирифтааст.

Растохези пурҳаводиси ташаккули забон, пайдоиши расму хату хаттотӣ, санъати китобу китобдорӣ, оини дафтару девондорӣ, пазируфтани дину мазҳаби яктопарастӣ ва зуҳури паямбари ростин ҳам дар ҳамин гаҳвораи ҳаётбахш падид омада, чун суруди аллаи модар бобақову ҷовидона мондааст. Ҳунари кишоварзиву низоми киштукор, парвариши уштурҳои корвонгарди бохтариву аспҳои бидави овозадор, шукӯҳу ҷалоли дарбори подшоҳону кишваркушоии сарлашкарон, бунёди истеҳкомҳои мудофиавию қалъаҳои муҳташам, обод кардани шаҳристону марказҳои калони савдо, кушодани роҳҳову воситаҳои мусоиди тиҷорат ва даҳо дастовардҳои дигари тамаддуну давлатдории ниёгони тоҷикон аз ҳамон аҳди  қадим сар шуда, дар тулӯи асрҳои минбаъда сайқалу густариш ёфтааст.

Пеш аз шурӯъ намудан ва ба таҳқиқи таърихи тамуддун ва давлатдории Бохтару Суғди қадим – гаҳвораи давлати тоҷикон, бояд ёдовар шуд, ки доир ба ин масъала ду тарзи нигориш ва равияи ибрози назар аст. Гарчанде ин ду равия ва тарзи нигориш аз аҳди қадим то ба асри мо бо роҳу равиши хосаи худ омада бошанд ҳам, миёни онҳо то кунун тафовут ва ҳудуде нагузоштаанд. Ва шояд гузоштани тафриқаву ҳудуд дар ин масъала зарурате надошта бошад, зеро онҳо ду роҳи гуногуне мебошанд, ки касро ба як сарчашмаи тамаддун ва як ҳадафи ниҳоӣ мерасонанд. Аз хотири он ки ҳам барои муаллиф ва ҳам барои хонанда дарк намудани масъалаҳо ва шарҳ додани он осонтар гардад, шартан ин ду равияро тарзи нигориши шарқӣ ва тарзи нигориши ғарбӣ ном мегузорем. Ҳар дуи ин нигориш мактабҳои анъанавӣ, шаклу услуби хоса ва расму оинҳои деринаи худро доранд. Тарзи нигориши шарқӣ ғолибан ба нуқтаи назари муаррихон, воқеанигорон, “Шоҳнома”-нависон ва муаллифони сарчашмаҳои бостонии аҳди қадим, ки аз “Авесто” оғоз мегиранд асос ёфтааст. Дар нигоришоти шарқӣ асотиру ривоят, қиссаҳои саргузаштӣ, моҷароҳои кишваркушойӣ бештар афзалият дошта, баъзан ҳудуди миёни ривояту ҳақиқати таърихиро шинохтан мушкил аст. Вале хоҳу нохоҳ ин ҳам порае аз таъриху сарнавишти халқияти тоҷику қавмҳои ориёнтабор аст ва онро нодида гирифтан аз рӯйи инсофу адолати тамаддуншиносӣ нест. Гузашта аз ин таърихи кулли давлатҳои мутамаддини олам дар заминаи асотиру ҳамосаҳои қадимаи ин ё он халқ оғоз ёфтаанд.

Тарзи нигориши ғарбӣ бошад аз майдонҳои воқеапардозӣ нисбатан озод буда, ба далелу мадракҳои сирф таърихӣ рӯйи ниёз меорад. Бунёди таърихнигории ғарбӣ ғолибан аз муаррихону воқеанигорони аҳди атиқаи Юнону Рим сарчашма гирифта, сипас дар Аврупо, Россия ва дигар кишварҳои Ғарб густариш ёфтааст. Шартӣ будани ин равияҳоро бори дигар таъкид намуда, аввал ба мадраку сарчашмаҳои таърихию адабии муаллифону таърихнигорони аҳди қадими қавмҳои тоҷику ориёнтабор рӯй меорем.

Қадимтарин сарчашмае, ки дар он номи кивари Бохтар ва Суғд ёд шудааст, китоби муқаддаси “Авесто” мебошад. Чунонки дар боло зикр шуд, фаргарди (боби) 1-уми “Видевдот” нахустин кишварҳои офарида Аҳуромаздо номабар шудаанд, ки “Бакхади (Бохтари) зебо бо дирафшҳои барафроштааш” ва Гава  Сугда бо “алафзору марғзорҳояш” аз ҷумлаи онҳост. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқону авестошиносон зимни ибораи “дирафшҳои барафрошта” рамзи қалъаи мӯҳташами подшоҳ, қудрати лашкари тавоно ва бешикасти пайравони кеши зардуштӣ аз рӯҳи ғолибияту кишваркушоиҳои аҳди Гуштосп нуҳуфтааст. Одатан, дар “Авесто” ва сарчашмаҳои паҳлавие, ки аз кави (подшоҳ) Гуштосп ва Зардушт ёд шудааст, ҳатман Бохтару Балхро чун кишвари паҳновар, шаҳри ободу тавоно, бошишгоҳи подшоҳон, маркази нахустин оташкадаҳо ва қаламрави паҳншавии дини зардуштӣ тавсиф намудаанд.

Яке аз тавонотарин донандагони таърихи аҳди кӯҳан Фирдавсӣ “Шоҳнома”-и худро дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла “Худойномак”, “Маздакнома”, “Шоҳномаи Абумансурӣ”, “Шоҳнома”-ҳои Масъуди Марвазӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абуалиии Балхӣ, инчунин “Гуштоспнома”-и Дақиқӣ ва дигар ривояту қиссаҳо ва достонҳои ҳамосию таърихии халқҳои ориёинажод офаридааст. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бузургтарин достони асотирию адабӣ ва таърихиест, ки сарнавишти талху ширин ва таърихи подшоҳии беш аз 50 шоҳаншоҳи ориёинажодро дар бар гирифтааст. Аз даврони Каюмарс то Яздигурди  III, пайи ҳам ба тахт нишастану аз байн рафтани силсилаи подшоҳонро агар аз назари фосилаи таърихӣ бингарем, ин силсила аз замонҳои хеле қадими дар ҷангалҳо зистани одамон то асри VII мелодӣ, яъне то истилои араб ва қиссаи кушта шудани Яздигурди III аз дасти осиёббон бо талқину ҳидояти Моҳуи Сурӣ (ҳокими Тӯс) фаро мегирад.

Вобаста ба таърихи омадурафти шоҳон ва сурат гирифтани банду басти воқеаҳо “Шоҳнома”-ро метавон ба ду қисмати бузург –асотирӣ ва таърихӣ ҷудо намуд. Подшоҳони давраи асотирии “Шоҳнома”-ро метавон ба сулолаи Пешдодиён мансуб дониста, овони подшоҳии Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун ва дигаронро то давраи Гаршосп таҳти ин ном зикр намуд. Бояд афзуд, ки дар давраи подшоҳии силсилаи Пешдодиён ниёгони мо зинаи ваҳшоният, ё чуноне мегӯянд, тарзи зиндагии ҷамоаи ибтидоиро паси сар намуда, падидаҳои аввалини тамаддунро ноил гаштаанд. Яъне истифодаи оташ, сохтани манзилу бошишгоҳҳо, ба даст овардани хӯроку пӯшок, истифодаи олоти меҳнат, дастомӯз намудани ҳайвоноти ваҳшӣ расм гардид. Масалан, дар давраи подшоҳии Ҳушанг одамон истифодаи оташро омӯхта, оҳангудозӣ ва офаридани олоти меҳнатро пеш гирифта бошанд, дар замони кишвардории Ҷамшед онҳо риштатобӣ, матоъбофӣ, либосдӯзӣ, ҳамчунин сохтани афзори ҷангӣ ва киштирониро аз худ намуданд. Метавон афзуд, ки дар “Шоҳнома оинҳои истиқболи Наврӯз, Меҳргон ва Сада чун дастоварди аҳди қадим, яъне Пешдодиён қаламдод шудааст.

Дар бораи замони подшоҳии силсилаи Пешдодиён ва давраи ҳукуматдории онҳо сухан аниқе гуфтан душвор аст. Фиравсӣ гарчанде аз рӯйи ахбори сарчашмаҳои паҳлавӣ солҳои ҳукмронии силсилаи Пешдодиёнро дар маҷмӯъ 2441 сол зикр намуда, аз он ҷумла давраи подшоҳии Ҳушангро – 40 сол, Таҳмурасро – 30 сол, Ҷамшедро – 700 сол, Заҳҳокро -1000 сол, Фаридунро – 500 сол нишон дода бошад, ҳам ин тақсимбандӣ ва солгузориҳо ғолибан ҷанбаи асотирию ривоятӣ доранд. Бо вуҷуди ҳамаи ин Пешдодиён чун аввлин  подшоҳони тоифаҳои ориёинажод, алахусус тоҷикон эътироф шудаанд ва ному насаби ниёгони моро ба давраҳои ҷомеаи ибтидоӣ, падид омадани ибтидоҳои авлодӣ ва қобилавӣ, оғози чорводорӣ ва зироаткорӣ, ташаккули маданияти моддӣ, унсурҳои давлатдории аҳди қадим ва ғайра бурда мерасонл.

Манбаъ:  Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.

 Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе: Ирфон, 2009. – С.77-79.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Марзия Зардодхонова,
мутахассиси пешбари Медиатека
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон