Пешвои миллат –роҳнамои ҷавонон
Дар замони муосир, ки ҳар лаҳза моро хатаре таҳдид мекунад, нигоҳ доштани мафкураи созанда ва ояндасоз кори саҳл нест. Мо сари ҳар қадам шоҳиди таҳоҷумҳои ғайр бобати рахна кардани афкори ғализ, бегонапарастӣ, дур будан аз арзишҳои хеш, тағйир додани тафаккури ватанмеҳварӣ ва амсоли ин мегардем, ки дар ин моваро рост истодану ба сӯи созандагиҳо ва ҳубби Ватану хештаншиносӣ гом паймудан қувваву идроки баланд мехоҳанд. Болотар аз ин, афкори ҷавонӣ, ки тарбия ва роҳнамоиро муҳтоҷ аст, ҳамеша бояд зери таваҷҷуҳ ва парасторӣ қарор гирад.
Замони соҳибистиқлолӣ воқеан барои миллати тоҷик давраи тиллоӣ ва зархез ба ҳисоб меравад. Ин замони начандон кӯтоҳ барои миллати мо беш аз он чизеро дод, ки мо тасаввур ва орзуяш мекардем. Волотар аз ҳама, мо соҳиби роҳбаре гардидем, ки тамоми соҳаҳо аз таваҷҷуҳи нек ва хиради ояндасозашон бархӯрдор гардид. Хусусан, таваҷҷуҳ ба ояндаи ҷавонон чун қишри бунёдкор ва ояндасози давлат аз амалҳои неки Сарвари давлат дар тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ гардид.
Мо агар руҷӯи таърихӣ намоем, собитамон мегардад, ки дар таърихи давлатдории халқиятҳои дунё таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва дастгирии афкору рӯи кор овардани нақшаҳои созандаи онҳо самараи назаррас ба бор оварда, дар пешрафту тараққиёти давлату миллат ва шахсиятсозии оянда нақши созгор мебозад. Зимнан ҳар давлату миллате, ки барои сабзишу инкишоф ва рушду нумӯи қишри ҷавонаш шароити муҳайё месозаду иқдому ташаббусҳои онҳо мавриди пазириш қарор медиҳад, бешак, роҳаш мунаввар ва фардояш дурахшон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин корҳое, ки баъд аз сари қудрат омаданашон иҷро намуданд, ин доир намудани вохӯрӣ бо ҷавонон буд. Табиист, ки ҳар дидори ҷавонон бо Роҳбари давлат роҳи онҳоро равшан ва ояндаашонро неку пурнишот месохт. Дар солҳои буҳрони мафкуравӣ ва вайроншавии мағзҳо зимни ҳар вохӯрӣ Сарвари давлат барои иршоди насли наврас, ҷавонон ва он қувваи бузурге, ки дар саргумӣ қарор дошт, чораҳои муассиру бунёдсозро тақсим ва пиёда месохтанд.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷавонони кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, ояндаи онҳоро дар якҷоягӣ пешбинӣ намуданд. Дар пасманзари омӯхтани мушкилию норасоиҳо ва барои рушди минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”,“Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ин замина таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, квотаи президентӣ, стипендияи президентӣ, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 майи соли 2015) ва дар заминаи он эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” рӯи кор омаданд, ки намунаи олии дастгирии ин насли ояндасоз ба шумор меравад. Зимнан, маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Лозим ба таъкид аст, ки ҷавонони даврони истиқлол, ки ҳамакнун дар фазои осоишта ва орому осуда ба тамоми мақсаду мароми хеш расида истодаанд, чун идомадиҳандагони ҳадафҳои волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд бо иродаи матин ва неруи хастанопазир дар нигаҳбонии арзишҳои миллию фарҳангӣ, инсондӯстӣ, пойдории сулҳу субот, тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистони азизамон талошу кӯшишҳои ҳамарӯзаи хешро дареғ надошта, саҳми боризи худро дар пешрафту ободии меҳани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш гузоранд.
Шаҳодатхон ДАВЛАТОВА,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон
ва наврасони КМТ.