Пешвои миллат: Тоҷикистон-кишвари ҷавонон
Мо ҷавононро ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф менамоем. Онҳо бояд аз файзи Истиклолият бештар баҳра гиранд, ба кадри озодиву сохибистиклолӣ расанд ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоят намоянд. Зеро Истиклолият бародарию баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, хонаи обод, руйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рузгори осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар мукаррар намудем. Дар давоми солҳои соҳибистиклолӣ мо дар самти баланд бардоштани накши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо илму касбомузӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам овардем. Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз чумла Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро кабул намудем, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат кардани ҷавонон роҳи васеъ кушод.
Ба хотири дар амал татбиқ, намудани қонуни мазкур мо давра ба давра панҷ маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», се маротиба “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон“, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои солҳои 2013-2015, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“-ро қабул намудем.
Ба ғайр аз ин санадҳои муҳим, мо “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“-ро кабул карда, иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрам ва муҳими рушдҳи иҷтимоию иқтисодии кишварамон зарур шуморидем.
Дар натиҷаи қабул гардидани санадҳои мазкур чандин конфронси сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, семинарҳои омузишӣ, озмуну фестивалҳо ва инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардиданд, ки ҳар кадомашон барои ширкати фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши арзишманд гузоштанд.
Мо бо мақсади баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷую навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендия ва ҷоизаҳои мухталиф барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқат ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқдисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис додем. Дар зарфи 25 соли Истиклолияти давлатӣ 3700 нафар наврасону ҷавонон аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар гардида, то ба имрӯз саҳми муносиби худро дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа гузошта истодаанд.
Дар баробари ин, теъдоди гирандагони квотаҳои Президентӣ аз 200 ба 1200 ва шумораи гирандагони Ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ аз 6 ба 12 расонида шуд. Хушбахтона, то ба имруз 149 нафар олими ҷавон бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин барои ҷавонони болаёқат стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон“-ро таъсис додем, ки барои омода намудани мутахассисони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидати бештар намуд.
Айни замон дар хориҷи кишвар 12000 нафар ҷавонон дар доираи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат «Дурахшандагон» таҳсил карда, беш аз 30 ҳазор нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз соли 2005 то ба ҳол бо ташаббуси мо квотаи Президентӣ барои ҷавонони лаёқатманд, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм менамоянд, амал мекунад. Мақсад аз ин икдом таъмин намудани адолати иҷтимоӣ дар кишвар мебошад. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 5090 нафар (2608 нафар духтар ва 2482 нафар писар) тибқи квота бомуваффақият таҳсил доранд.
Дастоварди дигари нодире, ки ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшид, таъсис ёфтани Шуроӣ миллии кор бо ҷавонон дар назди Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо ба ҳайати Шӯро роҳбарони воҳидҳои сохтории алокаманди Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавононро ворид намудем. Мақсади Шӯро таҳлили вазъияг дар байни ҷавонон, пешниҳодҳо дар самти ташкили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар ва дигар масъалаҳои алокаманд ба дастгирии ҷавонон мебошад.
Моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавононро баргузор намудем, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбики сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаҳои варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мо ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онхо имконият фароҳам меоварем. Дар баробари ин, ҷавонон бояд қишри аз хама фаъоли ҷомеа бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвари азизамон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама ҳавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.
Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат мо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудем. Ин иқдом барои татбиқи боз ҳам васеи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон мусоидат намуд ва фазоӣ кору фаъолияти онҳоро дар муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тақвият бахшид. Мо ба ин восита тарбияи ватандустиро миёни ҷавонон муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа дониста, чорабиниҳои зиёдеро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат доир намудем, ки ҳар кадоми он дар боло рафтани ҳисси ватандустии наврасону ҷавонон мусоидат намуданд.
Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аҳамияти хос касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шавад, таърихи халқи худро азбар намояд, Ватанашро чун ҷон дӯст дорад, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунад ва худогоҳу худшинос бошад.
Мо дар самти татбиқи сиёсат баҳри дастгирии ҷавонон ҳамзамон, дар мамлакат ба рушди варзиш ва солимии аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем. Варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи куҳан дошта, воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад, барои таҳкими дустии одамон ва муаррифии давлату миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад. Дар замони муосир варзиш ва рушду пешрафти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар радифи сиёсати иқтисодӣ иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли он ба ҳайси як қисми таркибии сиёсати давлат эътироф гардида, аз воситаҳои асосии муаррифии кишвари соҳибихтиёри мо миёни ҷомеаи байналмилалӣ маҳсуб мегардад.
Дар самти ба камол расонидани насли ҷавони солим ва ғаюру матин, ки дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлату кишвари хеш мегарданд, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нақши калидӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки мо имрӯз ба варзиш эътибори махсус дода, дар Тоҷикистони азиз оммаи васеъро ба ин самт ҷалб менамоем ва тадбирҳои зиёдеро дар кишвар роҳандозӣ мекунем.
Дар давоми солҳои соҳибистиклолӣ мо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро таҳия ва ба тасвиб расонидем, ки муҳимтаринашон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонй ва варзиш», “Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон“, “Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ“ ва “Низомнома доир ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ” мебошанд.
Санадҳои мазкур барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рӯ овардан ба варзиш, бунёди иншооту майдончаҳо, толорҳои варзишӣ ва баргузор кардани садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Варзишгарони тоҷик танҳо дар давоми 5 соли охир дар арсаи байналмилалй 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо борҳо Парчами давлатӣ партавфишон гардидааст….
Аз китоби Эмомалӣ Раҳмон: “Уфуқҳои Истиқлол”. Душанбе соли 2018.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон