Пешвои миллат. “Уфуқҳои Истиқлол”. Мақоми зан дар ҷомеаи муосир
Мо ҳамеша бо неруи созанди занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандусту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар давраи душвори муқовимат занони тоҷик низ бо ҷасорату мардонагӣ байни ҷонибҳои мухолиф истода, бо маслиҳати оқилона ва насиҳатҳои пандомези худ аксар вақт ба паст кардани шиддати эҳсосот кӯмак мерасониданд. Сипас ҳангоми оғози гуфтушуниди қувваҳои ҳукуматӣ бо мухолифин, ки ҳазорҳо километр дур аз ватан баргузор мегаштанд, занони тоҷик бо муроҷиатҳо, барқия ва паёмҳои худ иштирокчиёни музокиротро дастгирӣ намуда, онҳо барои пойдор намудани сулҳ ваҳдату ҳамдигарфаҳми даъват менамуданд.
Занон ва модарони кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ душвортарин рӯзҳоро аз сар гузарониданд. Сарфи назар аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул карданд ва дар баробари мардон барои пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар сарбаландона мубориза бурда, ба хотири амнияту пойдории ояндаи миллат ҳамаро бахшиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, конвенсияҳои байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон”, “Ҳуқуқҳои кӯдакон”, “Ҳуқуқҳои занон”-ро қабул кард. Пас аз ин давра ба давра беш аз бист санади муҳими давлатӣ доир ба масъалаҳои занон қабул карда шуданд, ки онҳо барои бонувони мамлакат заминаи боз ҳам мусоиди фаъолияту зиндагиро фароҳам оварданд. Махсусан, Фармони мо “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз тарафи аҳли ҷомеа, бахусус бонувон дастгирӣ ёфт, ки он баҳри аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
Ин санади муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъали беҳдошти занон мусоидат намуд. Баъд аз он Ҳукумати кишвар Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқуии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 ”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақшаи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015”-ро қабул ва мавриди амал қарор дод. Ин барномаҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ фарҳангию маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби бонувон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шуданд.
Бо мақсади таҳкими мақоми оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ дар “Соли бузургдошти оила” соли 2015 “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул кардем.
Бонувони кишвар имрӯзҳо дар ҳаёти сиёсӣ, ҳокимяти давлатӣ ва интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат намуда, сафи онҳо дар ҳамаи шохаҳои ҳокимят ба маротиб зиёд шуда истодааст.
Ба хотири эҳтироми нақши занон, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмати модар ва дастгирии мавқеи бонувон ҳамчун узви фаъоли ҷомеа 8-уми мартро “Рузи Модар” эълон карда, ин ҷашни фархундаро дар мамлакат бо ифтихори баланд таҷлил менамоем.
Мо бо меҳнати созандаи занон боғайрати кишвар ҳамчун қувваи фаъолу пешрафтаи ҷомеа ифтихор карда, нақши онҳоро дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат бо ифротгароию хуруфотпарастӣ арзишманд медонем.
Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлати 23 фоизро ташкил медиҳад. Дар оянда мо кӯшиш менамоем, ки онҳо дар муассисаҳои низомӣ бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар ба кор ҷалб карда шаванд. Мувофиқ медонем, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошанд.
Дар Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол бонувон дар баробари мардон нақши босазо гузошта, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ фаъолона кор мекунанд ва дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳиссаи сазовори хешро мегузоранд.
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Уфуқҳои Истиқлол”. Душанбе “Ганҷ –нашриёт”, 2018
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон