Пешвои миллат. “Уфуқҳои Истиқлол”. Забони давлатӣ

Уфуқҳои ИстиқлолМо дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа гашта, рушди забони давлатӣ низ эътибор ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудем. Нахустин дастоварди замони Истиқлолият ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва халқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ мебошад.

Бо назардошти ин 22-юми июли соли 1996 мо дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро яке аз масъалаҳои хеле муҳим арзёби намуда будем. Таъкиди ин масъала бар пояи мантиқи илмӣ устувор гардида, зарурати таҳияи «Қоидаҳои нави имлои забони  тоҷикӣ» пеш омада буд. Ҳамин тавр бо пешниҳоди мо ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1998 «Имло забони тоҷикӣ» дар таҳрири нав қабул гардид.

Мо зимни суханронӣ ва паёмҳои худ ҳамеша дар бобати устувор гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ изҳори назар карда, доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори хос медиҳем. Ба хотири забонҳои хориҷӣ дар солҳои 2003 Фармон ба имзо расонида, бо Ҳукумат «Барномаи давлатии ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014»– ро таҳия ва қабул намудем. Қабули ин барнома имкон дод, ки ба омӯзиши забонҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таълими забонҳо роҳандозӣ гардад.

Доир ба масъалаҳои омӯзиши забонҳо мо дастовардҳои хубро дар кишвар мушоида мекунем. Ҳоло сафи ҷавононе, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои шарқӣ ва ғарбӣ талош меварзанд, аз даврони қабл аз Истиқлолияти давлатӣ ба маротиб бештар шуда, дар ҷумҳурӣ барои омӯзиши ин забонҳо имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст.

Мо дар Паёми табрикии хеш ба муносибати солгарди Рӯзи забони давлатӣ доир ба волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он изҳори назар карда, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштем. Ба хотири арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ бо имзои Фармон соли 2008-умро “Соли забони тоҷикӣ” эълон намудем.

Дар асоси мушоҳидаву таҳлилҳои шахсӣ ва таклифу пешниҳодҳои зиёиёни кишвар, зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш омад. Тибқи дастури мо ин санади муҳим соли 2002 аз тарафи Ҳукумат қабул гардид, ки як саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад.

Бо қабул шудани ин Қонун минбаъд мақомоти ҳокимяти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳукуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандонашон шароити мусоид фароҳам оварданд.

Забон аслан ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва  аз ин рӯ, ҳамеша аз он пуштибонӣ намуда барои покизагии он талош меварзем. Баъдтар барои татбиқ намудани сиёсати забони давлатӣ ниҳоди нав – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри соли 2009) таъсис додем.

Дар доираи ин сол таваҷҷуҳ ба забони тоҷикӣ бештар гардид, дар аксари вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои мухталиф доир шуда, оид ба аҳамият ва рушди забони миллӣ мақолаву таҳқиқоти арзишманд интишор гардиданд, ки ҳар кадоми он дар боло рафтани мавқеи забон нақши муассир гузоштанд

Мо ҳамчунин “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-ро дар таҳрири нав қабул карда, меъёрҳои асосии риояи навиштори забони тоҷикиро дар он ворид намуда, иҷрои онро ҳатми муқаррар кардем. Ин дастури бисёр муҳим қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабиро пурра ифода карда, ҷиҳати рушди забон нақши бузург мебозад.

Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон қабули “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” мебошад. Бояд гуфт, ки Барномаи номбурда бо назардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳу воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон муқаррар гардидаанд.

Бо мақсади бехато навиштан, дуруст маънидод кардани мафҳумҳо ва шинос шудан ба маънои аслии баъзе калимаҳои ба забони тоҷикӣ воридшуда тибқи дастури мо “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар 20 ҷузъи чопӣ (320 саҳифа) таҳия гардид. Ин фарҳанг ҳамчун дастурамал ва сарчашмаи шиносоӣ ба калимаву ибораҳо барои ҳар як дӯстдори забон раҳнамои беҳамтост.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2009 барои арҷгузорӣ ба ин арзиши волои миллӣ 5-уми октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардида, ҳамасола ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мо ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни фархунда мардуми кишварро табрик гуфта, рушди забони адабии тоҷикӣ ва арҷгузории забони давлатиро муҳим ва муқаддас медонем.

Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни фархунда конфронсу ҳамоишҳои илмию амалиро бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Академияи илмҳо, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ғаёридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд.

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Уфуқҳои Истиқлол”. Душанбе “Ганҷ –нашриёт”, 2018

Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон