Пирӯзии бонувони варзишкори Китобхонаи миллӣ дар мусобиқаи варзишии волейбол миёни вазорату идораҳо

волейболбозиДастаи бонувони волейболбози Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусибиқаи варзишӣ байни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ  барои дарёфти Ҷоми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид.

Гуфтанист, ки мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол миёни бонувони варзишкори вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026″ ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД мактаби махсусиси варзишии захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин сабқати варзишӣ дар маҷмӯъ 36 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи  волейболи Китобхонаи миллӣ дар ин мусобиқа сазовори ҷойи сеюм шуд.

волейболбозиБояд таъкид кард, ки директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода пайваста баҳри ҳавасманднамоии  ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш тадбирҳои судманд меандешад. Маҳз ҳамин гуна дастгириву руҳбаландсозиҳо буд, ки бонувони варзишкори Китобхона номбардори муассиса дар ин мусобиқа шуданд.

волейболбозиҲайати тими бонувони волейболбози Китобхонаи миллиро барои ин дастовард муборакбод  мегӯем.