Пирӯзии шогирдони як ғолиби Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Шаҳноза ДониёроваҲамкорамон Шаҳноза Дониёрова – мудири шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки ҳоло дар рухсатии корист, хабар дод, ки се шогирдаш дар ширкат дар даври шаҳриву вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соҳиби ҷойҳои намоён шуда, ба мукофотҳои пулӣ ноил шудаанд.

Неъматов Абубакр хонандаи синфи 4-уми Муассисаи таҳсилоти умумии 20 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри  Душанбе аз рӯи номинаи адабиети ҷаҳон сазовори ҷои 2-юм шуд.

Маҳмадулоева Отифа – хонандаи синфи 6-уми Муассисаи таҳсилоти умумии  100 – уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз рӯи номинаи  адабиёти кӯдакон ва наврасон ҷойи сеюмро аз худ кард.

Табассуми Таҷало хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти умумии ноҳияи Муъминобод аз рӯи номинаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори ҷои 2-юм шуд.

Ҳамаи касоне, ки ном бурдему ғолиб омаданд, аз фаъолтарин хонандагони шуъбаи адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ буда, дар аксар маҳфилҳои он ширкат мекунанд.

Ҳамкорамон Шаҳнозаро ба ин муносибат муборакбод мекунем ва барояш комёбиҳои тоза дар роҳи тарбияи шогирдони китобхон таманно дорем.

Зимнан худи Шаҳноза соли 2022 дар даври ниҳоии Озмуни “Фурӯғи…” дар номинаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ғолиби ҷойи дуюм буд.

Духтараш Робиа Бобоева, хонандаи мактаби миёнаи 15-и шаҳри душанбе соли 2024 дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойи дуюм шуда буд.

Б.Шафеъ