Порсигӯёги Ҳинду Синд. Миён Сарафрозхон

Мутаваффо ба 1191 ҳиҷрӣ, аз шоҳони хонадони Кулҳара буд, ки баъд аз вафоти падари худ-миён Ғуломшоҳ, дар соли 1184 ҳиҷрӣ ҷонишини тахти салтанати Синд шуд. Донишманде бозавқу пуристеъдод ва шоирдӯст буд. Дар шеър шогирди Ғуломалии Маддоҳ-писари Муҳаммадмуҳсини Тақво. Девони ғазалиёти содаву ширин ва пурсӯзу эҳсосоте аз ӯ боқӣ мондааст.

АЗ ӮСТ:

Он дил,ки ба ишқ хӯ надорад,

Калро монад, ки мӯ надорад.

Он кас, ки зи ишк сар бипечад,

Шахсест, ки обрӯ надорад.

Ҷуз дидани руйи ёру нозаш,

Чашмам дигар орзу надорад.

Дар ишқи ту ҳар кӣ шуд сарафроз,

Ҷуз васли ту ҷустуҷӯ надорад.

****   ****    ****

Ман он мурғам, ки дониста ба домам

На чун сайде, ки баҳри дона карданд.

Сарафрозам аз он, к-аз бодаи ишқ

Маро махмури як паймона карданд.

****   ****    ****

Аҷаб дорам аз гардиши рӯзгор,

Ки гулро диҳад ҷо дар оғӯши хор.

Диҳад зоғро ҷой бар шохи гул,

Кунад дар қафас андалеби низор.

****   ****    ****

Дорам дили садпорае аз теғи ҳиҷрон дар бағал,

Ҳар порае сад баҳри хун, ҳар баҳр Уммон дар бағал.

****   ****    ****

Туйӣ мурғи чаман, дилшод, лекин

Зи мурғони қафас ҳам ёд мекун.

Чу ту парвоз гирӣ дар гулистон,

Зи боли бастаи мо ёд мекун.

Чу ту бар шохи гул бошӣ навосанҷ.

Ба ёди доми мо фарёд мекун.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.