Порсигӯёги Ҳинду Синд. Муҳаммадпаноҳи Раҷо

ПорсиМутаваффо ба соли 1199 ҳиҷрӣ, муосири Алишери Қонеъ ва монанди ӯ шогирди Мир Ҳайдаруддин Абӯтуроби Комил (мутаваффо ба соли 1154 ҳиҷрӣ) буд. Табъи латиф дошт ва дар ағлаби маҷолиси сухангӯӣ ва маҳофили донишмандон ширкат менамуд.

Соҳиби “Туҳфат-ул-киром” ӯро “марди намакину суҳбаторо” мехонад. Шеъраш ширину матин асту мазомини тоза дорад. Ғазал некӯ мегуфт ва дар сурудани моддаи таърих ҳам даст дошт.

АЗ ӮСТ:

Эй биҳишти орзуи хотири озодагон,

Дузахиям бе ту, гар ҷаннат ҳавас бошад маро.

****   ****    ****

Ману машқи нигаҳбозӣ, туву дуздида диданҳо,

Ману наззораи ҳуснат, туву ноз офариданҳо.

Ману маҳви рухат будан, туву дар ҷилва афзудан,

Ману бехеш гардидан, туву бар хеш чиданҳо,

Ба шамшери тағофул нимбисмил шуд, Раҷо, золим,

Туву бар по ҳино бастан, ману дар хун тапиданҳо.

****   ****    ****

Чун хум зи ҷӯш каф ба лаб овардааст баҳр,

Кардаст гармии нигаҳат кори май дар об.

****   ****    ****

Шуд асири доми зулфи ӯ дили девонаам,

Хуб шуд, шӯридаву бетоб дар занҷир шуд.

***   ****    ****

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ