Порсигӯёги Ҳинду Синд. Муншӣ Шивкироми Таттавӣ мутахаллис ба “Уторид”

porsiМутаваффо ба соли 1165 ҳиҷрӣ, шоири ширинзабони ҳиндунажод мебошад, ки дар аҳди Кулҳара  дар замони миён Ғуломалишоҳ ва Маҳмад Сарафрозхон зиндагӣ мекард ва аз шогирдони Муҳаммадмеҳри Таттавии машҳур аст.

Агарчи девони мураттаб аз ашъораш надорем, вале бино бар он чи ба даст расида, ба эҳтимоли қавӣ девоне доштааст. Ағлаб ба ғазал мепардохт ва гоҳе шеъри мурассаъ низ мегуфт. Ба дастури Сарфарозхон достони “Ҳир ва Ронҷҳа”– ро ба номи “Муҳаббатнома”дар насри масаҷҷаъ шурӯъ кард, вале то ба ақди иҷбории Ҳир нарасида буд, ки сарпарасташ ба қатл расид ва достон нотамом монд.

Намунае аз ашъораш:

Ноқисонро ҳамдами некон шудан комил кунад,
Гул зи файзи гармчӯшӣ атр созад обро.

****    ****    ****

Ҳазор Юсуфи Мисрӣ ба ним ҷав нахарад,
Хабар кунанд зи ҳуснат агар Зулайхоро.

****    ****    ****

Уторид, хоб з-он дар чашми ман шабҳо намеояд,
Ки як шаб дидаам дар хоб чашми нимхобашро.

****    ****    ****

Кардам ба рӯяш як назар, дар як назар бурд он писар,
Аввал зи дастам дил бадар в-он гаҳ зи дил оромро.

****    ****    ****

То ба кӯйи дӯст бурдан дастрас бошад маро,
Дузахӣ бошам агар, ҷаннат ҳавас бошад маро.
Дар чаман булбул ба кунҷи ошиён ҳаргиз надид,
Он фароғатҳо, ки дар кунҷи қафас бошад маро.

****    ****    ****

З-он Хусрави шириндаҳан гар бишнавам ширин сухан,
Шӯям ба хуни хештан чун Кӯҳкан рухсорҳо.
Он мутриби барбатсаро кардаст чун барбат маро,
Аз ҳар рагам хезад наво дар парда чун торҳо.

****    ****    ****

Укда аз кори касе хоҳад кушуд ин рӯзгор,
Ҳар киро дар каф ба ранги ғунча як мушти зар аст.

****    ****    ****

Саҷда дар Суманоту Каъба якест,
Ҳар ду ҷо сар ба санг кӯфтан аст.

****    ****    ****

То гӯшаи абрӯи туро дид Уторид,
Аз ҳалқабагӯшони туву  гӯшанишин аст.

****    ****    **** 

Дар шаби ҳиҷрон надонам чашми ман чун мегирист,
Ин қадар донам, ки аз шаб то саҳар хун мегирист.
Эй ки мепурсӣ ба лутф аз гиряи чашмам,  мапурс,
Лутфи ту бисёр кам медиду афзун мегирист.

****    ****    ****

Сарири хома дар васфи ту анфоси сабо дорад,
Ҳазорон навгули маънӣ ба домони варақ резад.

****    ****    ****

Мардро мавҷи ҳунар бошад муҳити орзу,
Теғро аз ҷавҳари худ об дар занҷир шуд.

****    ****    ****

Тапидани дили афтодагон хабар дорад,
Замин чун ларза хурад , хонаҳо хароб шавад.

****    ****    ****

 

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ