Порсигӯёни Ҳинду Синд

Пас аз силсилаи Кулҳара подшоҳони хонаводаи Толпур (1197-1259 ҳиҷрӣ) ба салтанат расиданд. Онон ба истиснои мир Субадорхон пайрави мазҳаби шиа буданд ва барои эҷоди равобити наздиктаре бо Эрон саъю кӯшиши зиёд мекарданд. Афроди ин хонадон на танҳо ҳунарпарвару шоирнавоз буданд, балки ағлаб аҳли завқ буданд  ва дар таърихи Синд камтар дида мешаванд, ки шоҳзодагону фармонравоён монанди давраи Толпурон ба сурудани шеър пардохта бошанд.

Забони форсӣ расмияти худро идома дод ва мадорису марокизи тоза барои тадриси забон ва адабиёти форсӣ боз гардид. Раҳрӣ ва Тута ду маркази муҳими илму адаб шуд. Шоҳзодагону дарбориён, ки дар пойтахти Синд (Ҳайдаробод) зиндагӣ мекарданд, аз сӯҳбати донишмандони эронӣ мустафиз мегаштанд, вале чун омма бо аҳли забон кам тамос доштанд, забони форсӣ натавонист мақоми олии адвори гузаштаи худро нигоҳ дорад. Калимоту истилоҳоти синдӣ ва омиёна низ дар он ворид шуд.

Ба иллати ин ки фармонравоёни Синд аҳли ташайюъ ва машаввиқини шуаро  ва аз назари нажод мардумони силаҳшӯре буданд, мадҳи аимма ва ҳамосасароӣ бештар аз тамоми давраҳои таърих дар Синд ривоҷ ёфт.

“Фатҳнома” (“Таърихи Толпурон”)–асари Саййид Муҳаммадазими Таттавӣ дар дарбор қироат мешуд ва аз бар доштани он яке аз мафохири мардум  ба шумор мерафт. Достонсароӣ мавриди писанд буд ва ғазал монанди адвори собиқ мақоми худро ҳифз намуд. Машоҳири шуарои ин давра иборатанд аз: Азими Таттавӣ, Абдулваҳҳоби Ошкор, Мир Карамалихон, наввоб Валимуҳамад, Муншии Соҳиброй, Мир Насирхон ва Мир Сӯбадорхон.

Бо инқирози ҳукумати Толпурон ва бар сари иқтидор омадани инглисҳо (1259 ҳиҷрӣ)  латмаи шадиде ба забон ва адабиёти форсӣ ворид шуд. Робитае, ки дар даврони фармонравоёни силсилаи Толпур миёни Эрон ва Синд барқарор гардида буд, қатъ гардид ва забони форсӣ, ки на забони модарии мардуми Синд буд ва на фотеҳин онро мефаҳмиданд, ба иллати қиллати мураббиён аз равнақ афтод. Бо вуҷуди ин аҳли завқ ҳозир нашуданд бад-ин осониҳо ин забони ширинро, ки қарнҳо забони расмии Синд буд, аз даст бидиҳанд. Бино бар ин, маҷолиси шуаро ташкил шуд ва чанд рӯзномаи форсӣ, минҷумла ”Муфарриҳ-ул-қулуб” ва “Хуршед ва илкил” ба вуҷуд омад.

Вале бо вуҷуди ин ҳама фаъолият забон ва шеъри ин давра ба появу мояи забону шуарои адвори гузашта намерасад. Ғазал беш аз соири ақсоми шеърӣ маъмул буд.

Агарчи ҳукмронии инглисҳо то муддате беш идома дошт, шуарои бузурги Синд, ки то охири қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ дар қайди ҳаёт буданд ва мо бояд аз хадамоти адабии онҳо ёд кунем, иборатанд аз Қодирбахши Бедил, Муҳаммадқосими Манолоӣ ва наввоб  Аллоҳдодхони Суфӣ.

Инак аҳволи шеъри суханварони қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ:

 

САЙЙИД МУҲАММАДАЗИМУДДИН МУТАХАЛЛИС “АЗИМ”

Мутаваффо ба соли 1143-1229 ҳиҷрӣ, писари Саййид Ёрмуҳаммади Таттавӣ, бародарзодаи Мир Алишери Қонеъ ва маликушшуарои дарбори Мирфатҳалихони Толпур буд. Шеъри содаву малеҳ мегуфт. Девонаш дар ҳудуди дивисту панҷоҳ ғазал, чандин қасида ва рубоист. Ғайр аз девони “Фатҳнома”(дар ҳудуди ҳазору понсад байт) ва “Достони Ҳир ва Ронҷҳа”(накздик ба ҳазору ҳафсад байт), маснавии “Сайри дил” (сесаду шонздаҳ байт) ва “Соқинома” (қариб ба яксад байт) низ ба вай мансуб аст.

АЗ ӮСТ:

Эй ки дар ҳама мавҷуду ҳам аз ҷумла мубарро,

Ту дар ҳама пинҳону зи ту ҳам ҳама пайдо.

***

Ман чӣ сон гардам ба гирди Каъба, чун дар майкада,

Каъбаҳо дидам, ки мегардид гирди пири мо.

****

З-ин май агар диҳем туро ҷуръае фақеҳ,

Пеш аз намоз фарзи ту гардад саломи мо.

Эҳром бастаем ба тавфи ҳарими дил,

Ҳоҷӣ, бирав ба Каъбаи худ гӯ саломи мо.

Ин Каъбаи дил аст, на ин Каъбаи гил аст,

Аршулазим қиблаи олимақоми мо.

Дилҳои мӯъминон ҳама аршулазими ман,

Фармудааст ҳазрати хайрулнамои мо.

Дар даҳр ҳамчу дида муолиҷ надидаем,

Ҳар дардро зи гиря даво мекунем мо.

****

Истилоҳи куфру дин холу хати як чеҳра аст,

Гар Раҳим асту агар Ром аст, исми як Худост.

****

Аз ҳама чиз васли ёр хуш аст,

Васл гар нест, интизор хуш аст.

Интизор аз умед холӣ нест,

Дил ба васлаш умедвор хуш аст.

Сӯзи ишқ аст равнақи ушшоқ,

Синаи лола доғдор хуш аст.

*****

Дар ҳавои ҳур зоҳидро Худо аз ёд рафт,

Умри ӯ дар орзуи ҳулд  чун Шаддод рафт.

******

Ҷуз зулфи сарфиканда ба пойи ҳақоияш,

Ҳинду сиёҳмаст дар оташ фитода кист?

******

Агарчи пир шудам ишқи навҷавон дорам,

Хазони ман, ба Худо, аз баҳор холӣ нест.

*****

Ҷавҳари аҳли ҳунар ҳеҷ нагардад зоеъ,

Хок кай мешавад  обе, ки багавҳар бошад?

*****

Шоҳи хубон гузашт аз чашмам,

Фавҷи ашкам паяш равон гардид.

******

Баҳор ашкест, гарм аз булбулонаш,

Хазон оҳест, сард  аз бедилонаш.

*****

Ҳар ду олам дар ду чашми ман чу мӯст,

То назар бо тори зулфаш дӯхтам.

*****

То сарам бар тану танам бар пост,

Сар зи пойи ту барнамедорам.

*****

Пур аз тасвири ту шуд хонаи дил,

Биё, дар Каъба бин бутхонаи ман.

******

Мазан аз ҳеҷ тараф чини тааасуб ба ҷабин,

Рӯ кушода куну бо габрумусулмон бинишин.

*****

Забон дар зикру дил дар фикри хона,

Чӣ ҳосил з-ин намози панҷгона?

 

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.