Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мирмаъсумшоҳи “Номӣ”

КнигаМутаваффо ба соли 1014 ҳиҷрӣ, писари шайхулисалом Саййид  Сафоӣ ва мусаннифи “Таърихи Синд” маъруф ба “Таърихи Маъсумӣ”.  Дар ҳунарҳо ва фунуни мутаадиде тахассус дошт.  Илова бар ин ки пизишку сарбоз ва сайёҳу катибадон  ва таърихнавис буд, шоири  бузург низ ба шумор меомад  ва дар ин ҳунар аз  Саъдии Шерозӣ  пайравӣ менамуд.

Девони ашъораш  чаҳор ило панҷ ҳазор байт аст. Ғайр аз ин панҷ маснавӣ: “Маъдан-ул-афкор”, “Ҳусну Ноз”, “Парисурат”, “Акбарнома” ва “Ҳафт нақш” ба истиқбол аз “Панҷ ганҷ”-и Низомӣ суруда, ки дар ҳудуди даҳ ҳазор байт мебошад.

АЗ ӮСТ:

Мислат нест, ки бепарда ҷамолаш бинӣ,

Дида бардӯз, ки чашми ту ҳиҷоби назар аст.

*****    *****    *****

Чашми ҷонам ба тамошои ҷамолат боз аст,

Мурғи рӯҳам ба таманнои ту дар парвоз аст.

*****    *****    *****

Дар дилам сад сели ашку  бар лабам сад барқи оҳ,

Ишқро нозам, ки пинҳон обу пайдо оташ аст.

*****    *****    *****

Хуш маркаб аст умри гиромӣ, вале чӣ суд,

Метозаду савор бар ӯ устувор нест.

*****    *****    *****

МИРЗО  ФОЗИЛБЕК МУТАХАДДИС БА “ВИҚОРӢ”

Мутаваффо ба соли 1021  ҳиҷрӣ, аҳли завқ ва мусиқидону шоирпарвар буд. Толиби Омулӣ, Муршиди Буруҷирдӣ, Муллоасади Қиссахон,  Неъматуллоҳи Васлӣ ва ғайра  муддате дар хидмати ӯ буданд.  Чизеро аз шаробу зан дӯсттар намедошт.

Шеърро ширину равон мегуфт. Девони ашъораш машҳун ба қасидаву ғазал ва ғайра шомили панҷ ҳазор байт мебошад. Аз он ҷумла “Соқинома” дар таърифи соқӣ ва шишаву шароб, ки мӯҷиби шуҳрати бисёри ӯ гардид. Дар ҳудуди бистучаҳорсолагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст.

Аз ӯст:

Базми ишқ аст, Виқорӣ, баадаб бояд буд,

Ки дар он ҷуз ба лаби захм такаллум куфр аст.

*****    *****    *****

Гиряаам гар сабаби хандаи ӯ шуд, чӣ аҷаб,

Абр чандон ки бигиряд, лаби гулшан хандад.

*****    *****    *****

Покдомантарам аз мардумаки дида, вале

Ғӯта дар хуни ҷигар хурдаму расво гаштам.

*****    *****    *****

Ман хасам, бар сари дебо натавонам осуд,

Бистари шӯъла багустар,ки ба сад ноз афтам.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ