Порсигӯёни Ҳинду Синд. Мулло Абдулҳакими Ато
Писари Муҳаммадафзал Сабзпӯши Таттавӣ дар нимаи дувуми қарни ёздаҳум ва аввали дувоздаҳуми ҳиҷрӣ зиндагӣ мекард. Солҳои дароз ба сурудани қасида дар мадҳи ҳазрати Алӣ ва сори аимма пардохт. Ба қавли Мир Алишер “Қонеъ сад ҳазор байт суруд”.
Дар бораи девони ашъор худи шоир гӯяд: Нусхаи абёти девонам гузашт аз сӣ ҳазор. Вале ончи ба дасти мо расида, 6450 байт мебошад. Ташбеҳу истиора ва иҳомро зиёд ба кор бурдааст.
Аз ӯст:
Ба хун ғарқу ба дил доғу ба гил пою ба сар савдо,
Маро чун лола нашносӣ ба ин чандин нишониҳо.
***** ***** *****
Масаввири азалӣ байти абрувони туро,
Ба ҳам ду мисраи мавзун баланду боло баст.
***** ***** *****
То бар сарам зи сарви қадат нақши по нишаст,
Бар сар маро чу сояи фарри ҳумо нишаст.
***** ***** *****
Эй худнамо, мабош худорову худпараст,
Дар худ назар намою Худоро, баро зи худ.
***** ***** *****
Чу офтоби ҷамоли ту бениқоб шавад,
Зи акси руйи ту ҳар зарра офтоб шавад.
Зи сӯзи сина дили сангро чӣ тоб бувад,
Агарчи аз шарари оҳ санг об шавад.
***** ***** *****
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Иброҳимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ