Порсигӯёни Ҳинду Синд. Намунаҳо аз шуарои Синд
Аз Мирзо Шоҳҳусайни Арғун мутахаллис ба “Сипоҳӣ”
Умрест, ки эй сарв, хироманда гузаштӣ,
Ғоиб нашуд аз дидаи ман он қаду қомат.
Он кас, ки ба теғи ситами ишқи ту мирад,
Набвад ҳаваси зиндагияш рӯзи қиёмат.
Эй шоҳ ту дар боргаҳи ноз муқимӣ,
Моро ба сари кӯйи ниёз аст иқомат.
Побӯси сагат гар ба Сипоҳӣ надиҳад даст,
То зинда бувад мегазад ангушти надомат.
***** ***** ******
Ба масҷиде, ки равам дар фироқи дилбари хеш,
Баҳона саҷда кунам, бар замин занам сари хеш.
АЗ ҲАЙДАРИ ҲИРОТӢ
Бо рухаш оинаи дил дар муқобил доштам,
Дар муқобил сурате дидам, ки дар дил доштам.
***** ***** ******
Чунон тӯтисифат ҳайрони он ойинаи рӯям,
Ки мегӯям сухан, аммо намедонам чӣ мегӯям.
***** ***** ******
Дило, Маҷнунсифат худро халос аз қайди олам кун,
Раҳи саҳрои меҳнат гиру рӯ дар водии ғам кун.
Манол аз сустии аҳди бутони сангдил, Ҳайдар,
Асоси ақл бар ҳам зан, бинои ишқ муҳкам кун.
***** ***** ******
Ҳама шаб дар ин хаёлам, ки расам ба васл рӯзе,
Ҳама рӯз дар умедам, ки шабе ба хобам ойӣ.
***** ***** ******
АЗ ҒУРУРИИ КОШОНӢ
Хуршед шавад зарраи файзи назари ӯ,
Маҳмуд ба ҳар кас ки назар кард, Аёз аст.
Чарх аз суханонам ба самоъ омада, гӯйӣ,
Шерозаи ин нусха зи абрешими соз аст.
Аҳволи парешонии дил бо кӣ тавон гуфт,
Савганд ба зулфи ту, ки ин қисса дароз аст.
Дарюзаи ҳар дар натавон кард, Ғурурӣ,
Хоҳиш ба даре бар, ки бар рӯйи ҳама боз аст.
***** ***** ******
Аз бахт чӣ сон шиква тавон кард, Ғурурӣ,
Бетолеъии аҳли ҳунар расми қадим аст.
***** ***** ******
Ҳаргиз ба ҷадал чеҳра наяфрӯхтаем,
Хасмӣ ба тариқи дигар омӯхтаем.
Омӯхтаем шеваи кин аз шамъ,
Бо ҳар кӣ нишастаем, худ сӯхтаем.
АЗ МИРЗО ҶОНИБЕКИ ТАРХОН МУТАХАЛЛИС БА “ҲАЛИМӢ”
Дилат гар меҳрубон будӣ, чӣ будӣ?
Тавони нотавон будӣ, чӣ будӣ?
Лаби лаъли ту оби зиндагонӣ,
Ба коми ошиқон будӣ, чӣ будӣ?
АЗ АБУЛМАКОРИМИ “ШУҲУД”:
Абнои замона яксар аз бандаву ҳур,
Бошанд зи моли якдигар моидахур.
Чун шишаи соатанд дар дасти фалак,
То ин нашавад тиҳӣ, нагардад он пур.
***** ***** ******
Туро дар даст оина, моро дар сина оина,
Биё, то рӯ ба рӯ созем оина ба оина.
Киро имшаб ба хуршеди рухаш меъроҷ хоҳад шуд,
Ки дорад нардбони зулф дар ҳар зина оина.
АЗ ЛУТФАЛИХОНИ “ҲИММАТ”
Рӯ нагардонам ман аз теғи ҷафои душманон,
Ҳамчу Исмоил дар кӯйи ту ман қурбониям.
Бастаам чун Хизр домони саёҳат бар камар,
Раҳнамои корвонҳо дар шаби зулмониям.
Ҳастам акнун аз ғуломони Алии Муртазо,
Дар лақаб Лутфи Алӣ бинвишт дар пешониям.
***** ***** ******
Кай маро парво бувад аз дасти сайёдони даҳр,
Юнусам, охир, чӣ шуд, гар дар даҳони моҳиям?!
АЗ ИСМАТХОНУМ:
Нест дар олам хабар аз дарди ишқ,
Ё ки дар дунё набуда марди ишқ?!
АЗ ЧАМАНИХОНУМ:
Зи некон некию аз золимон зулм,
Чу акс аз оина ҳар хол пайдост.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Иброҳимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ