Порсигӯёни Ҳинду Синд. Шайх Муҳаммад Ибни Абитолиб Ал-муштаҳир ба Алӣ Ал-Ҷелонии Ҳазин

Порсигӯёни Ҳинду СиндМутаваффо ба соли 1180  ҳиҷрӣ, сухангӯе баном соҳиби  чаҳор девон, муҳтавии қасидаву қитъа, ғазалу рубоӣ ва чанд маснавӣ мебошад. Бинои вай дар он буд, ки дар муқобили “Панҷ ганҷ”-и Низомии Ганҷавӣ иншо намояд ва бад-ин кор ҳам даст зад, вале зоҳиран  ба анҷом нарасонид, зеро ки нусхаи мавҷуд аз ҳар як аз ганҷҳо ҷуз абёте чанд беш доро нест.

Сироҷуддини Орзу бар сухани вай эътироз карда, Мирмуҳаммадазими Собит панҷсад байт аз девони шайх  бароварда, ки мазомини онҳо аз дигарон аст. Вале ба ақидаи Волаи Доғистонӣ, “бо вуҷуди ин ҳол баёни воқеъ аст, ки шайх дар ин ҷузви забон саромади суханварони олам аст”.

Ба забони арабӣ низ шеър гуфта, аммо ба рутбаи шеърӣ форсии ӯ нест.

Аз ӯст:

Аз Банорас наравам, маъбади ом аст ин ҷо,

Ҳар бараҳманбачае лачману ром аст ин ҷо.

*****    ******     ******

То боди сабо бӯйи туро дар чаман овард,

Бардошта ҳар шохи гуле  дасти дуоро.

*****    ******     ******

Агар ғалат накунам, ҳарфи мову ман ғалат аст,

Шунидаам зи лаби хеш гуфтугӯи мову туро.

*****    ******     ******

Гуфтам ба булбуле, ки илоҷи фироқ чист,

Аз шохи гул ба хок фитоду тапиду мурд.

*****    ******     ******

Эй вой бар асире, к-аз ёд рафта бошад,

Дар дом монда бошад, сайёд рафта бошад.

Овози теша имшаб аз Бесутун наёмад,

Гуё ба хоби Ширин Фарҳод рафта бошад.

*****    ******     ******

Ҳушёр ба ҳангоми маҳшар натавон рафт,

Эй кош, ки аз сояи токам гузаронанд.

*****    ******     ******

То чанд, Ҳазин, ба дашт гардӣ?

Эй хонахароб хонаат ку?

*****    ******     ******

Давлат талабӣ, домани дилро мадеҳ аз даст,

Шояд, ки бурун ояд аз он байза ҳумое.

Нолидани булбул зи навомӯзии ишқ аст,

Ҳаргиз нашунидем зи парвона садое.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Иброҳимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ