Порсигӯёни Ҳину Синд. Аз Байрамхони Байрам
Эй ки бе рӯят замоне орамидан мушкил аст,
В-эй ки нодидан туро душвору дидан мушкил аст.
**** **** ****
Сар хок гашт дар раҳи ишқи туву ҳанӯз
Савдои хоки пойи ту аз сар намеравад.
**** **** ****
Савдозадаву бесарусомон шудаам боз,
Ошуфтаву бадҳолу парешон шудаам боз.
Нокарда таҳаммул, ғами худ кардаам изҳор,
Аз кардаву нокарда пушаймон шудаам боз.
**** **** ****
Ҳарфе нанавиштӣ, дили мо шод накардӣ,
Моро ба забони қаламе ёд накардӣ.
Бар ёди ту сад бор кунам нолаву фарёд,
Фарёд, ки як бор маро ёд накардӣ!
**** **** ****
Ҳазорон хубрӯ ҳар сӯ асири хештан дорӣ,
Вале ҳаргиз тариқи хештандорӣ намедонӣ.
**** **** ****
Аз Абдурраҳими Хонихонон муттахалис ба “Раҳим”
Расиду музтарибам карду он қадар нанишаст,
Ки ошнои дили худ кунам тасаллоро.
**** **** ****
Шумори шавқ надонистаам, ки то чанд аст,
Ҷуз ин қалар, ки дилам боз орзуманд аст.
Адои ҳаққи муҳаббат риоят аст зи дӯст,
В-агарна хотири ошиқ ба ҳеҷ хурсанд аст.
На зулф донаму на ҳол, он қадар донам,
Ки пой то ба сарам ҳарчӣ ҳаст, дар банд аст.
Маро фурӯхт муҳаббат, вале надонистам,
Ки муштарӣ чӣ кас асту баҳои ман чанд аст.
**** **** ****
Ҳарчанд ҳаст базми висоли ту берақиб,
Шарми ту бо ҳазор нигаҳбон баробар аст.
**** **** ****
Тамом меҳру муҳаббат шудам, намедонам,
Ки дил кадом, муҳаббат кадому ёр кадом!
**** **** ****
Надид оина ҳаргиз мисоли ҳамчу туе,
Киро маҷол, ки бинад ҷамоли ҳамчу туе?!
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.