Порсигӯёни Ҳину Синд. Аз Ҷаҳонгирподшоҳ ба малика Нуриҷаҳон:

Ҳангоме ки осмон пӯшида аз абр ва вақти майнӯшӣ буд, гуфтааст:

Соғари май бар рухи гулзор мебояд кашид,

Абр бисёр асту май бисёр мебояд кашид.

Дар тавсифи Кашмир:

Шуда ҷилвагар нозанинони боғ,

Рух ороста ҳар яке чун ҷароғ.

Шуда мушкбӯ ғунча дар зери пӯст,

Чу таъвизи мушкин ба бозӯи бӯст.

Ғазалхонии булбули субҳхез

Таманнои майхорагон карда тез.

Бунафша сари зулфро хам зада,

Гиреҳ дар дили ғунча муҳкам зада.

Аз Ҷаҳонгир:

Булбул наям, ки наъра кунам, дарди сар диҳам,

Парвонаам, ки сӯзаму дам бар наёварам.

Посухи Нуриҷаҳон:

Парвона нестам, ки ба як шӯъла ҷон диҳам,

Шамъам,ки ҷумла сӯзаму дам бар наёварам.

Аз Ҷаҳонгир:

Ту масти бодаи ҳуснӣ, бифармо ин ду наргисро

Ки бархезанд аз хобу нигаҳ доранд маҷлисро.

Ҷавоби Нуриҷаҳон:

Макун бедор, ай соқӣ, зи хоби ноз наргисро,

Ки бадмастанду бар ҳам мезананд алҳоли маҷлисро.

Ҷаҳонгир вақте моҳи нави идро дид, бар забон ронд:

Ҳилоли ид бар авҷи фалак ҳувайдо шуд,

Нуриҷаҳон билбадеҳа суруд:

Калиди майкада гум гашта буд, пайдо шуд.

Аз Нуриҷаҳон:

На гул шиносаду не рангу бӯ, на оразу зулф,

Дил касе, ки ба ҳусну адо гирифтор аст.

****    ****    ****

Номи ту бурдаму задам оташ ба ҷони хеш,

Дар оташам чу шамъ зи дасти забони хеш.

****    ****    ****

Дил ба сурат надиҳам ношуда серат маълум,

Бандаи ишқаму ҳафтоду ду миллат маълум.

Зоҳидо, ҳавли қиёмат мафиган дар дили мо,

Ҳавли ҳиҷрон гузарондему қиёмат маълум.

Ин байт, ки бар сари мазори Нуриҷаҳон нақл шуда, сурудаи худи ӯст:

Бар мазори мо ғарибон не чароғе, не гуле,

Не пари парвона ёбӣ, не сарояд булбуле.

Аз Шоҳиҷаҳон:

Ангишт наям, ки як замони дигар

Дар оташам афганию сӯзӣ яксар.

Ҳамчун расани сӯхта нақшам барҷост,

Чун даст бар ӯ ниҳӣ, шавад хокистар.

Хитоб ба ҳамсараш Мумтозмаҳал ҳангоми тамошои рӯди Ҷамна:

Об аз ҳавои рӯйи тӯ меояд аз фарсангҳо.

Ҷавоби Мумтозмаҳал:

В-аз ҳайбати Шоҳи ҷаҳон сар мезанад бар сангҳо.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.