Порсигӯёни Ҳину Синд.Мавлоно Шаҳобуддин Ибни Ҷамолуддини Бадоюнӣ
Мутахаллис ба “Мухаммара “, мутаваффо пеш аз 995 ҳиҷрӣ, яке аз бузургтарин донишмандони давраи худ ба қавли Амир Хусрав “булбули бӯстони илм”буд.
Муаллифи “Маҳзан-ул-ғароиб” нависад: “Табъи мавзун ва шеъри чун дурри макнун дошт”ва Тавқии Авҳадӣ гӯяд: “Дар шеъри вай саноеъу бадоеъ бисёр ва фасоҳату балоғат бешумор аст ва дар аксари қасоид илтизомоти мушкилаи ғариба муқаррар намуда ва ниҳояти қудрат ба зуҳур расонида”.
Қасоиди мутакаллиф ва маснуъ дорад, ки аксари он дар ситоиши Худову Пайғамбар гуфта шудааст. Аз қадимтарин суханварони форсии Щинд аст, ки тасаввуфро дохили қасида кардааст. Фахруддин Аҳмад ва Амир Хусрав аз шогирдонаш мебошанд.
Ин чанд байт баргузида аз қасидаест муштамил бар 41 байт, ки дар ҳар байт калимоти”гург”-у “пил”-у “шер” омадааст:
Осмони пилгун молад танамро гургсон,
Рӯзгори шерваш сабрам рабояд гургвор.
Зӯри гургам нею бо ман тунд пили осмон
Шермардӣ мекунад чун кӯҳнагурги рӯзгор.
Пил бо гург он накарду гург бо меш, он чи кард
Шери чарх аз ҷавр бо ин шахси чун мӯйи низор.
Ва ин абёт аз қасидаест дар ҳамду наът,ки дар ҳар байти он калимоти “мӯр” ва “мӯй”ба кор бурда шуда:
Аз забон гарчи шикофам мӯй ҳангоми баён,
Дар санои Ҳақ зи ҳайрат ҳамчу мӯрам безабон.
Дар пайи занҷирмӯёни парирӯ аз ҳавас
Бастаам бисёр чун мӯрон зи дил ҷон бар миён.
Баъд аз ин чун мӯр бандам бар дари бечун камар,
В-аз буни ҳар мӯйи тавфиқаш гушоям сад забон.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.