Порсигӯёни Ҳину Синд. Рукнуддин Масъуд Ибни Низомуддин

Порси-2Рукнуддин Масъуд Ибни Низомуддин Алӣ машҳур ба Ҳаким Рукнои Кошӣ ва мутахаллис ба “Масеҳ”.  Масеҳо ва Масеҳӣ (мутаваффо соли 1044 ҳиҷрӣ) устоди Соиб буд. Аз камилтифотии шоҳ Аббоси аввал ранҷида ба Ҳинд омад. Ва дар хидмати  Акбаршоҳ ва  Шоҳҷаҳон ба осудагиву  иззат мезист. Ашъораш шомили ғазалиёту қитаоту рубоиёт ва чанд маснавӣ, қариб ба сад ҳазор байт аст.

Аз ӯст:

Дарди сар буд басе бар сари мо афсари мо,

Шуд кулоҳи намадӣ сандали дарди сари мо.

****   *****    *****

Ғамҳои мурда дар дили ман зинда кард ҳаҷр,

Гӯё шаби фироқи ту рӯзи қиёмат аст.

****   *****    *****

Гар фалак як субҳдам бо ман гарон бошад сараш,

Шом берун меравам чун офтоб аз кишвараш.

****   *****    *****

Ба пойи ҳиммати ман ин ду олам аст ду кафш,

Ки субҳ пӯшаму пешин бараҳнапо гардам.

****   *****    *****

Чун қатра ба он гавҳари якто нарасидем,

Аз абр фитодему ба дарё нарасидем.

****   *****    *****

Ончунон бо ту яке гашт вуҷудам,  эй дӯст,

Ки туро бе ту тавон дидану бе ман натавон.

****   *****    *****

Дар сари пирӣ, ки бо ман пунба гӯйӣ оташ аст,

Мӯйи ҳамчун пунбаам оташ гирифт аз хӯйи ӯ.

****   *****    *****

Сукут қалъаи мард асту ҳарф лағзиши пой,

Зи қалъае, ки дарафтӣ, бибин, куҷо афтӣ!

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.