Порсигӯёни Ҳину Синд. Шеъри форсӣ Ҳинд (аҳди муғул) ва  Синд (аҳди Арғун ва Тархон ва  муғулу Кулҳара)

Порсигӯёни Ҳину СиндҲИНД

Аҳди муғул дар Ҳинд аз соли 932 ҳиҷрӣ  то наздик ба сесад сол, яке аз беҳтарину пурарзиштарин даври шеъру адаби форсӣ ба шумор меравад. Конуни шеъри форсӣ аз Эрон ба Ҳинд мунтақил гардид. Заҳируддини Бобур-фотеҳи Ҳинд ва дигар подшоҳону шоҳзодагони силсилаи муғул,аз он ҷумла,Ҳумоюн ва Акбару Ҷаҳонгир ва Шоҳҷаҳону Дорошукӯҳ худ сухансаро ва ҳомии забону адаби форсӣ буданд ва шоирону нависандагонро ба силоту (силот-ҷамъи силат-инъом, ато, бахшиш)инъомоти гаронбаҳо менавохтанд.

Умарои дарбори Ҳинд чун Хонзамонсултон, Байрамхону Хонихонон-Абдурраҳимхону подшоҳони Дакан ва Беҷопур низ таваҷҷуҳу инояти хоссе нисбат ба суханварон ва донишмандон мабзул медоштанд.

Акбаршоҳ на танҳо мансаби маликушшуароиро барқарор намуд, балки забони форсиро забони расмӣ кард ва ба дастури ӯ бисёре аз китобҳои динӣ ва достонию фалсафии ҳиндувон, аз он ҷумла ”Маҳабҳарат”,”Оторвоно ведо”, “Ҷугишто”,”Бқагавебгито”, ”Ромоён”, ”Нал ва Даман”, ”Сингҳосини батисӣ”,”Итҳос Кришноҷӣ”ва амсоли онҳо аз забони санскрит ва ҳиндӣ ба назм ва наср баргардонда шуд. Дарбори Деҳлӣ монанди дарбори Султони Ғазнавӣ дар Ғазнин гардид ва лоақал панҷоҳу як нафар шоири эронӣ дар дарбори Акбар тақарруб ёфтанд.

Шоирони бузурги бумӣ, ки дар давраҳои муғул зуҳур карданду нуфузи зиёде дар ашъори қарнҳои баъд доштанд, иборатанд аз Файзӣ ва Ғанӣ ва Абдулқодири Бедил. Чанд шоири ҳинду ҳам шуҳрат ёфтанд ва Чандрбаҳони Бараҳман аз ҳама машҳуртар шуд. Дере нагузашт, ки сабки ҳиндӣ ба дараҷаи камол расид.Танаввуъ (гуногунӣ) ва завқи ибтикор, қудрати халқи мазмун,муболиға ва иғроқу хаёлбофӣ ва борикандешӣ мавриди писанд воқеъ гардид.Шуаро пайваста мекушиданд,ки мазмунҳои тоза ибдоъ (ба вуҷуд оранд) кунанд. Дар натиҷа муфрадоту такбайтҳое, ки дорои мазомини мустақилу зебост,муҳимтарин ашъори ҳиндӣ воқеъ шуд. Ва он ба ақидаи доктор Ризозода Шафақ, “намояндаи ҳунари борикбинӣ ва дақиқёбию латифакорист, ки ҷуз фикрҳои варзида ва андешаҳои пухта бад-он нарасад ва ин ҳақиқатро мутолиаи ашъори Соибу Файзӣ ва Урфию Калим ва амсоли онҳо равшан месозад”.

Луғоте,ки барои баёни ақоид ва афкору эҳсосот ба кор бурда мешуд, муаррифии зиндагии худи шоир ва муҳити ӯ буд.Чун таркиботу алфози ҳиндӣ низ дар забони шеъри форсӣ роҳ ёфт, назму ҳамоҳангии он коста ва чунон шуд, ки гоҳ дар як ғазал баъзе аз абёт бо баъзеи дигар аз ҳайси лафзу маънӣ таносуб надошт. Ғолибан як қисмат дар ниҳояти зебоию камол буду қисмати дигар дар ғояти сустию бемоягӣ. Агарчӣ қасида ва маснавӣ ва ғайра ҳам гуфта мешуд, вале завқу ҳунари сабки ҳиндӣ бештар ба ғазалсароӣ гароида буд.

Акнун нахуст дар бораи шоҳзодагон ва амирони шоир сухан мегӯем ва баъд ба шеърҳои суханварони дигар мепардозем.

Аз Заҳируддин Муҳаммади Бобур:

Ҷонам бикун ҷароҳату роҳат расон ба дил,

Аз ту ба ҷони хаста ҷароҳат чӣ роҳат аст!

***   ***   ***

Донӣ камони абруи ҷонон сияҳ чарост?

Аз гӯшаҳош дуди дили халқ дар пай аст .

***   ***   ***

Рубоии мустазод:

Умрам ҳама дар фироқу ҳиҷрон бигузашт,

бо ғуссаву ғам,

В-ин умри гаронмоя чӣ арзон бигузашт,

бо ранҷу алам.

Умре, ки нашуд сарфи Самарқанду Ҳарӣ,

бо ишқу тараб,

Афсӯс ки дар  Аграву Эрон бигузашт,

бо ҷавру ситам.

Аз Ҳумоюнподшоҳ  

Рӯйи ту рашки офтоб шудаст,

Аз рухат моҳ дар ниқоб шудаст.

***   ***   ***

Дар ин дил ҳаваси лаъли ту дорам, мастам,

Дар сар ҳаваси қадди ту дорам,пастам.

Саргашта диле ба тори зулфат бастам,

То дил ба ту бастам,зи ҳама ворастам.

***   ***   ***

Дидамат дӯш ба хобу нафасе осудам,

Лек фарёд аз он лаҳза,ки бедор шудам.

***   ***   ***

Аз Ҷалолуддин Муҳаммадакбар:

Кулоҳи Хусравию тоҷи шоҳӣ

Ба ҳар кал кай расад ҳошову калло!

***   ***   ***

Нест занҷири ҷунун дар гардани Маҷнуни зор,

Ишқ дасти дӯстӣ дар гарданаш афгандааст.

***   ***   ***

Гиря кардам зи ғамат,мӯҷиби хушҳолӣ шуд,

Рехтам хуни дил аз дида, дилам холӣ шуд.

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.