Порсигӯёни Ҳину Синд. Урфӣ
Саййид Ҷамолуддин Муҳаммади Шерозӣ мутахаллис ба “Урфӣ”
Мутаваффо ба соли 999 ҳиҷрӣ аз маорифи шуарои давраи сафавӣ мебошад, ки дар аҳди шоҳаншоҳ Акбар дар соли 992 ҳиҷрӣ ба Ҳинд ҳиҷрат кард. “Ба камоли фазлу дониш ва латифагӯию ҳозирҷавобӣ”шуҳрат дорад. Қуввати калом,тозагию ибтикори луғот ташбеҳоту истиороти зарифа ва тасалсули мазомин аз мухатассоту мумаййизоти сухани ӯст. Дар эҷодиёти маонӣ ва узубати алфоз қудрати камназир дорад.
Ҷуз девони чаҳордаҳҳазорбайтӣ, ки шомили қасоиду ғазалиёт ва рубоиёт мебошад, ба тақлиди Низомӣ ҳам пардохта ва ду маснавӣ сохтааст. Вале қудраташ дар қасоиди ғарро ва ғазалиёти рӯҳафзост,ки ба сабки ҳиндӣ сурудааст ва ҳамин иллат аст, ки дар Ҳинду Туркия ва Афғонистон машҳуртарин шуарои қарни худ ба шумор меравад.
АЗ ӮСТ:
Гирифтам он, ки шаб дар хоб кардам посбонашро,
Адаб кай мегузорад,то бибӯсам остонашро.
Сабо аз кӯйи Лайлӣ гар вазад бар турбати Маҷнун,
Кунад оташфишон чун шамъ мағзи устухонашро.
**** **** ****
Қасида кори ҳаваспешагон бувад,Урфӣ,
Ту аз қабилаи ишқӣ,вазифаат ғазал аст.
**** **** ****
Гар нахли вафо бар надиҳад,чашми таре ҳаст,
То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.
**** **** ****
Меравӣ бо ғайру мегӯӣ:Биё,Урфӣ,ту ҳам,
Лутф фармудӣ,бирав,к-ин пойро рафтор нест.
**** **** ****
Чунон бо неку бад сар кун,ки баъд аз мурданат ,Урфӣ,
Мусулмонат ба Замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад.
**** **** ****
Фақеҳон дафтареро мепарастанд,
Ҳарамҷӯён дареро мепарастанд.
Барафган парда,то маълум гардад,
Ки ёрон дигареро мепарастанд.
**** **** ****
Даҳани хеш бибӯсанду лаби хеш маканд,
Чу дар оина бибинанд бутон сурати хеш.
**** **** ****
Аз дари дӯст чӣ гӯям,ба чӣ унвон рафтам,
Ҳама шавқ омада будам, ҳама ҳирмон рафтам.
Бас ба девор задам сар, ки дар ин кӯчаи танг
Омадам масту саросемаву ҳайрон рафтам.
**** **** ****
Кардам зи шароби ноб тавба,
В-аз кардаи носавоб тавба.
Дар лафзи шароб чун бувад об,
Бо ташналабӣ зи об тавба.
То бода ба хоб ҳам набинам,
Шояд,ки кунам зи хоб тавба.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.