“Посигӯёни Ҳинду Синд” чӣ китобест?
Соли 2020 нашриёти “Бебок” китобе чоп кард бо номи “Порсигӯёни Ҳинду Синд”. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Муаллифони сарсухан профессорон Нириддин Саид ва Шарифи Исрофилниё ҳадаф аз чопи китоб ва чигунагии он ва арзиши илмӣ-адабии ин рисолаи маъруфро таҳлил кардаву аз ҷумла навиштаанд:
Рисолае, ки пешкаши хонандагони азиз мегардад, ба қалами муҳаққиқи ҳиндӣ Ҳарумал Садорангонӣ тааллуқ дошта, нахустин тадқиқоти илмӣ доир ба ташаккул ва таҳаввули адабиёти тоҷикӣ – форсӣ дар Ҳинду Синд аст. Ҳарумал Садорангонӣ 65 сол муқаддам дар мавриди ташаккули забон ва адабиёти тоҷикӣ – форсӣ дар Синд рисолае бо унвони “ Persian poet of Sind” (Шоирони форсигўйи Синд) менависад ва чун чанд мақолааш доир ба шоирони форсигўи Синд дар Эрон ба табъ мерасад, мавриди таваҷҷуҳи донишмандони бузурги Эрон, аз ҷумла Парвиз Нотили Хонларӣ қарор мегирад. Парвиз Нотили Хонларӣ дар он замон дабири кул ва мудири омили “Буньёди фарҳанги Эрон” буд, ки бо ибтикори шоҳи Эрон – Ризошҳи Паҳлавӣ ташкил шуда буд. У Садорангониро ба Эрон даъват мекунад. Садорангонӣ зери роҳнамоии донишманди фақид, фарҳангсолори муосири Эрон доктор Муҳаммад Муъин дар мавзўи “Мухтасаре дар таърихи шеъри форсӣ дар Эрон ва Ҳинду Синд” рисолаи номзадӣ менависад.
Гарчанде дар мавриди адабиёти форсизабони Ҳинд аз ҷониби ховаршиносони аврупоӣ чанд мақола ба нашр расида буд, рисолаи Садорангонӣ нахустин рисолаи нисбатан муфассал дар бораи шоирони форсигўйи Ҳинду Синд ба забони тоҷикӣ – форсӣ буд ва мавриди истиқболи гарми донишмандон қарор мегирад. Мақсади аслии нависанда дар ин рисола шаҳру тафсири нуфузу асари забони тоҷикӣ -форсӣ дар Ҳинду Синд ва арзишу аҳаммияти ин забон дар таквину тадвини фарҳанг ва тамаддуни кишварҳои ҳамсояи шарқи Эрон буда, ки мусанниф ҳадафи хешро бо шарҳи аҳвол ва сабку тарзи тафаккури ҳудуди сад тан аз шоирони порсигўи Ҳинду Синд баён намуда, бо зикри намунае аз ашъори онон анҷом додааст.
Аз нигоҳи сохтор рисолаи “Порсигўёни Ҳинду Синд” – и Ҳурумал Садорангонӣ тазкираро мемонад ва дар баёни рўзгору аҳволи шоирон низ ҳамон суннати тазкиранависони пешинро риоя кардааст. Ин рисола шабеҳи “Намунаи адабиёти тоҷик”- и Устод Садриддин Айнист, ки дар айни риояи суннати тазкиранависии аҳди классикӣ талаботи илми адабиётшиносии муосир низ риоя шудааст. Садорангонӣ, ки ба нусхаи асли ашъори шоирон даст доштааст, аз ҳар шоир абёти зубда баргузидааст, ки хонанда аз мутолиаи онҳо лаззати маънавӣ мебарад. Баъзе абёти мунтахаби шоирон, ки дар ин рисола омадааст, дар равшан намудани ҳақиқати зиндагиномаи адибон нақши муҳим бозида метавонад. Масалан, аксари муҳаққиқон бар онанд, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ “туркнажоду ҳиндузода аст” , аммо шоир сареҳан иброз медорад, ки забони туркиро намедонад:
Забони шўхи ман туркиву ман туркӣ намедонам,
Чӣ хуш будӣ, агар будӣ забонаш дар даҳони ман!
Шояд ин ҷо лутфи шоирона бошад, аммо ин нукта муссалам аст, ки забони форсӣ – тоҷикӣ дар Ҳинди он айём забони илму адаб буд ва аҳли адаб новобаста аз миллаташон бо ин забон ҳарф мезаданду эҷод мекарданд. Ин байт дар айни фасоҳати калому инсиҷоми калимот лутфи хоссеро дорост, ки хонандаю шунавандаро мафтуни хеш мегардонад.
Муаллифи рисола гарчанде ҳиндузабон аст, аммо ба забони тоҷикӣ – форсӣ тасаллути комил дорад, дар интихоби шеъри нағз соҳиби завқи баланд аст. Абёти баргузидаи ў ин гуфтаро собит мекунад:
Меравию гиря меояд маро,
Соате биншин, ки борон бигзарад.
*** *** ***
Аз сари болини ман бархез , эй нодон табиб,
Дардманди ишқро дору ба ҷуз дидор нест.
*** *** ***
Гар масаввир сурати он ҷони ҷон хоҳад кашид,
Ҳайрате дорам, ки нозашро чсон хоҳад кашид?
*** *** ***
Чунон ба неку бад сар кун, ки баъд аз мурданат, Урфӣ,
Мусулмонат ба Замзам шўяду ҳинду ибисўзонад.
Таҳияи Саодат НАБИЕВА, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.