Пресс-тур: Сайре ба “Телевизиони Душанбе”
Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон субҳи рӯзи, ҷумъа, 6-уми феврали соли ҷорӣ боздиди журналистон аз ТВ Душанбе оғоз ёфт. Тавре ки медонем 24-уми декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор дода буданд.
Ҳамон рӯзҳо ин иттилоъ расонаӣ шуда буд, ки бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Телевизиони Душанбе дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.
Иштирокдорони пресс-турро директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Оқилзода Маъруфҷон Холназар пешвоз гирифт. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода меҳмононро бо мизбон шинос намуд. Зимни сухани ифтитоҳӣ Раиси Иттифоқи журналистон аз дастовардҳои даврони истиқлол ёдовар шуда, арз дошт, ки маҳз истиқлоли давлатии кишвар имкон дод, ки Тоҷикистони азизи моро дар миқёси ҷаҳон бишносанд. “Имрӯз бинои нави “Телевизиони Душанбе” на танҳо дастоварди “Телевизиони Душанбе” аст, балки муваффақияти ҳар яки мост. Мо кормандони матбуотии соҳаҳои мухталиф – масъулини сомонаҳову нашрияҳои соҳавӣ, марказҳои матбуотӣ, журналистони рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизионҳоро даъват намудем, то дар якҷоягӣ бо самараи даврони истиқлол шинос шавем,” – иброз дошт Зиннатуллоҳ Исмоилзода.
Ҳамчунин Раиси Иттифоқи журналистони кишвар зикр намуд, ки истиқлол дар зеҳну тафаккури мардум таҳаввулот, яъне дигаргунӣ ба вуҷуд овард. “Мо мебинем, ки тули даҳсолаи охир ҳатто дар дурдасттарин навоҳии кишвар майдончаҳои варзишиву муассисаҳои томактабӣ, коргоҳҳои дӯзандагиву марказҳои саломатӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин ҳама дастовардҳо туфайли истиқлол аст.”
Сипас директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода меҳмононро ба даргоҳи тозабунёди иттилоотӣ хайрамақдам гуфта, аз таърихи таҷлили “Телевизиони Пойтахт”, ки баъдан “Телевизиони Душанбе” ном гирифт, маълумот дод. Гуфтан бамаврид аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “Телевизиони Душанбе” соли 2017 соҳиби Студияи сайёри дорои 16 камера гашт, ки тамоми чорабиниҳои сиёсиву давлатиро сабт мекунад. Ҳамзамон директори Муассиса ба маълумоти ҳамагон расонд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бинои нави бо техникаи замонавӣ таҷҳизонидашудаи ТВ Душанбе дар фароварди соли 2025 мариди истифода қарор гирифт. “Телевизиони Душанбе” дар Тоҷикистон ва Қазоқистон, Қирғизистону Афғонистон аввалин шабакаест, ки дар формати 4К фаъолият мекунад. Формати 4К дар пикселҳо аз формати Full HD чор маротиба зиёдтар аст. Ин фарқиятро рақами 4 дар номи стандарт нишон медиҳад. Ин аст, ки доираи пахши “Телевизиони Душанбе” васеъ гардида, дар зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон тамошобинон метавонанд онро тавассути моҳвора бо сифати FULL HD тамошо намоянд.
Дар идома Маъруфҷон Оқилзода меҳмононро бо утоқҳои кориву толорҳои наворгирӣ сайр дод. Аз ҳар як утоқу ҳар як толор батафсил сухан мекарду маълумот медод. Утоқҳои баланд, равшану барҳавои бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида касро ба ваҷд меоваранд. Аз роҳравҳо дохили утоқҳоро дидан мумкин бошад ҳам, садоҳо аз утоқҳо ба роҳрав ва утоқи дигар намерасанд. Ҳама бо шишаҳои ғавси дуқабата шишабандӣ шудаву садоро намегузаронанд.
Шабакаи телевизионии мазкур дар маҷмӯъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, чор студияи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавии замонавӣ дорад. Студияҳои якум ва дуюм, ки калонтарин ба шумор мераванд ва барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва дигар барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.
Дар бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ҳам утоқи пазироии меҳмон, ҳам утоқи ороишгарон (гримёрҳо), ҳам утоқи истироҳатии кормандони басти шабона, ҳам утоқи истироҳатӣ дар дақиқаҳои танаффус пешбинӣ шудаву бо шароити мусоид фароҳаманд. Ба ғайр аз студияҳои наворгирии барномаи иттилоотиву барномаҳои фарҳангӣ, боз толори навори ток-шоу, толори консертӣ, толори барномаи “Ғизои солим”, толори садои зинда, толори сабти дубляжи филмҳои бадеиву мустанад – хуллас ҳамаи лаҳзаву имкониятҳо ба инобат гирифта шудаанд.
Қайд кардан лозим аст, ки дар “Телевизиони Душанбе” ҳунармандон метавонанд бо садои зиндаву сифати баланди сабти овоз баромад кунанд. Ин ҷо садои ҳар як асбоби мусиқӣ дар алоҳидагӣ сабт мешавад, ки микрофонҳои баландсифати муосир ба ин мусоидат мекунанд, зеро садои бегонаро фурӯ нишонда, сабтро тозаву баландсифат месозанд.
Маъруфҷон Оқилзода дар хусуси ҳар як техникаи мавҷуда, ҳар як ҷузъиёти фарқкунанда бо қиёс аз асбобҳову техникаи қаблӣ сухан мегуфту ифтихор аз чунин шароити ба талабот ҷавобгӯи Муассиса мекард. Дар рафти суҳбат ба суолҳои пешмеомадаи иштирокдорон посух мегуфт ва иттифоқан ба суоле, ки “Оё шумо ба орзуи худ расидед?” чунин ҷавоб гуфт: “Не, ман ба орзуям нарасидаам, зеро орзуи ман ҳамин гуна замонавию пешрафта дидани ҳамаи шабакаҳои телевизиониву радиёии Тоҷикистони азизам аст.”
Ин сафари матбуотиро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти эҷодии кормандон ва имкониятҳои техникиву истеҳсолии Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ташкил намуд. Тавре Зиннатуллоҳ Исмоилзода – раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иброз дошт, ин иқдом ба хотири табодули иттилоот ва густариши ҳамкории касбӣ роҳандозӣ гардидааст.
Махфират МУҲИДДИНОВА