Президент – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Президент – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода, раиси собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Равшан Раҷабзода ва занону духтарони фаъоли вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Аз ҷумла як гурӯҳ бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онро ҳамчун Рӯзи хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ арзёбӣ намуд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки якидиливу муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллату давлат аз ташаббусҳои хастанопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунанд. Аз оғози фаъолияти худ Сарвари давлат таваҷҷуҳи хешро ба самти дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми занону бонувон равона гардониданд. Ин аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, мақому манзалат ва мартабаи занону бонувон дар ҷомеа ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ арзанда гардид.
Сипас Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Равшан Раҷабзода ва раиси собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо аз дастовардҳои сулҳу ваҳдат, аз даъват ба ҳамдиливу ҳамрайъӣ, аз дастгириҳои пайгирона ва талошҳои ҳадафмандонаи Сарвари давлат дар самти рушду нумӯи мамлакат гуфта шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки сарманшаъ ва сардафтари истиқлолияти миллии мо Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон аст. Рисолати таърихие, ки Пешвои миллат ба ҷо овардааст беназиру бесобиқа аст, зеро дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам овардани мардум, тинҷиву осудагӣ ва таъмини амнияти мардум кори саҳлу сода нест.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз дастовардҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз зуҳури Лидери миллӣ дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳар соат, ҳар рӯз, ҳар соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат пуропур аз корномаҳои қаҳрамонӣ ва пирӯзиҳои бунёдкоронаи халқи шарифамон бо Пешвои муаззами хеш аст. Имрӯз ҳар як зан ва духтари тоҷик имконият дорад, ки донишу малака ва истеъдоди худро дар роҳи созандагӣ истифода намуда, саҳми худро дар ободиву пешрафти мамлакат гузорад.
Мо ваколатпарвари панди бузургонем,
Тоҷикистонро касе, ки сохт, бо онем.
Сарвари мо, сарвари номусу нанги мост,
Шаҳсутуни меҳри дил бо номи ӯ барҷост.
Пайрави парвозро парвоз чун барг аст,
Дар лаби боми дигар, ҳастии мо марг аст.
Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.